Сентябр 18, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба даргирии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Теъдоде аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ нисбат ба даргириҳои низомии ахир байни Қирғизистону Тоҷикистон вокуниш нишон дода ва аз ҳар ду тараф хостаанд то ба ҳалли қазия аз роҳҳои мусолиматомез даст ёбанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Иттиҳоди Аврупо зимни интишори баёнияе аз Қирғизистону Тоҷикистон хостааст то ҳаргуна ихтилофро аз тариқи мусолиматомез ва роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд. Ин иттиҳодия шиддати танишҳо дар марзи ду кишварро барои суботи минтақаӣ музир унвон карда ва аз тавофуқи оташбас, ки рӯзи ҷумъа бадаст омада буд, истиқбол кард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз ташдиди даргириҳои марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва аз талошҳои ду тараф барои барқарории гуфтугӯ истиқбол кардааст. Ин созмон ҳамчунин хостори эҳтиром ба тавофуқоти мутақобили қаблии дармавриди оташбас шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам бо ишора ба равобити бисёр дӯстона бо ду кишвари Тоҷикистону Қирғизистон, бо ибрози нигаронӣ аз ташдиди ин даргириҳо, хостори оташбаси пойдору ҳалу фасли ихтилофот аз тариқ гуфтугӯ ва равишҳои мусолиматомез шудааст.

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ бо дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода ва хостори қатъи даргирӣ ва анҷоми музокироти миёни дутараф шуд.

Ҳамчунин, вазорати хориҷаи Русия ҳам аз ҳар ду тарафи тоҷику қирғиз хоста то бо иқдомоти фаврӣ ва ҳамаҷониба, вазъиятро вориди маҷрои сиёсӣ ва дипломатӣ кунанд.

Даргириҳои марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе шурӯ шуда ва аз ҳар ду тарафи теъдоде кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст. Бар хилофи эъломи оташбасе, ки рӯзи шанбе миёни дутараф эълом шуд, аммо ниҳодҳои марзбонии ду кишвар бо пахши чанд мавриди иттилоия, тарафи муқобилро муттаҳам ба нақзи оташбас кардаанд.

 

Барчасп