Сентябр 19, 2022 14:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Чину Узбакистон
    Ҳамкории Чину Узбакистон

Чин маркази навоварии тавлиди воксан дар Узбакистон бунёд мекунад.

Иброҳим Абдураҳмонов, вазири тавсеаи навоварии Узбакистон дар ин замина бо раиси ширкати чинии “Luye Investment Group” гуфтугӯ кардааст.

Дар ин дидор тафоҳумномае дар мавриди эҷоди як маркази навоварӣ барои тавлиди воксан ба арзиши 100 миллион доллар дар солҳои 2023 - 2028 мелодӣ имзо шуд.

Ин марказ танҳо ширкати биотехнология бо чархаи комил дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва ин ширкат маҳсулоти пизишкиро ба бозори маҳаллӣ ва ҳамчунин кишварҳои ИДМ арза хоҳад кард.

Дар ин тарҳ барномарезӣ мешавад, дар сол 200 миллион доза воксан аз 10 навъи воксан алайҳи ҳипотити A, ҳипотити B, попилома, сурхак ва дигар бемориҳо ба арзиши 2 миллиард доллар тавлид шавад.

Ин марказ дар вилояти Тошканд бунёд хоҳад шуд.

 

Барчасп