Ройзании Путин бо Раҳмон ва Ҷабборов; Танишзудоӣ меҳвари гуфтугӯ
(last modified Thu, 13 Oct 2022 14:22:29 GMT )
Октябр 13, 2022 19:22 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Путин бо Раҳмон ва Ҷабборов; Танишзудоӣ меҳвари гуфтугӯ

Дастёри раисиҷумҳури Русия эълом кард, раисиҷумҳури ин кишвар дар чорчуби сафари худ ба Қазоқистон ба сурати сеҷониба бо раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон дидор мекунад.

Ба гузориши Форс, Юрий Ушаков, дастёри раисиҷумҳури Русия эълом кард, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар чорчӯби сафари худ ба Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов,  раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон дидор мекунад.

Дастёри раисиҷумҳури Русия гуфт: Дар ҷараёни ин дидор, ки ба шакли сеҷониба баргузор мешавад, даргирии ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Бинобари суханони Ушаков, Путин дар ин дидор ба Раҳмон ва Ҷабборов пешниҳод мекунад то музокиротро барои марзбандии сареъи бахшҳои баҳсбарангези марз оғоз кунанд ва ду кишвар дар гуфтугӯи доим бошанд.

Вай афзуд, Русия ҳамеша омодааст то ба ин гуфтугӯ бипайвандад ва дар ҷаласоти коршиносони он ширкати фаъол дошта бошад.

Ушаков бурузи ҳаргуна истикоки байни ҳампаймонон дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ба шиддат зиёновар хонд ва гуфт, ҳар гуна истикок метавонад тавассути бадхоҳон сӯиистифода шавад.

Вай зимни ишора ба нигаронии Русия аз танишҳои давраӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард, ки Маскав  тарафдори ҳалли дипломатии масаълаи марзӣ байни ин ду кишвар буда ва омодааст ба унвони бародар ҳаргуна кумаки қобили қабул барои Душанбе ва Бишкекро ироа кунад.

Шоёни зикр аст, ки рӯзҳои 13 - 14 октябр , ба мизбонии Қазоқистон дар шаҳри Остона, конфронси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё ва ҳамчунин нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.