Октябр 17, 2022 21:23 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Иштиёқи сарони Осиёи Марказӣ ба афзоиши ҳамкориҳои транзитии бо Эрон
    Таҳлил: Иштиёқи сарони Осиёи Марказӣ ба афзоиши ҳамкориҳои транзитии бо Эрон

Мақомоти давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон муштоқи афзоиши ҳамкориҳои ҳамлу нақл ва транзитии бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.

Вазорати ҳамул нақли Қирғизистон рузи якшанбе бо интишори баёнияе эълом кард: Киварҳои Осиёи Марказӣ қасд доранд транзити колол бо Ҷумҳурии Исломии Эронро ба 20 миллион тонна дар сол афзоиш диҳанд.

  • Дар баёнияи Вазорати ҳамлу нақли Қирғизистон ҳамчунин таъкид шуда аст: Дар нишасти муштараки ахир миёни раисони ҳамлу нақли Эрон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон имкони густариши ҳамкориҳои транзити барраси шуда аст.
  • Ҳадаф аз баргузории нишасти Теҳрон эҷоди шароит ба манзури рушди сиёсати ҳамлу нақл ва ҳамоҳангтар миёни кишварҳои ширкаткунанда эълом шуда буд. Аввалин иҷлоси муштараки вазирони ҳамлу нақл, иртиботот ва шаҳрсозии Эрон бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳамкориҳои транзити ҳафтаи гузашта дар Теҳрон баргузор шуд.

Матни баёнияи аввалин иҷлоси ҳамкории транзитии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи рушди транзити тавассути аъзои ин иҷлос имзо шуд.

Ба далели аҳамияти ҳамкориҳои транзитии Русия, Ҷумҳуриҳои Қафқози ҷануби ва Осиёи Марказӣ бо кишварҳои ҷануб, ҷануби шарқии Осиё ва баракс аз масирҳои мутанавеъи Эрон беш аз ин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба баргузории чунин нишастҳои иқдом карданд.

Дувумин нишасти шурои ҳамоҳангии кишварҳои ширкаткунанда барои эҷоди каридори иртиботии Осиёи Марказӣ ба обҳои гарм аз масири Эрон дар шаҳри Овозаи Туркманистон баргузор шуд.

Дар поёни ин нишаст намояндагони Эрон, Туркманистон, Узбакистон ва Қирғизистон протоколи пайвасти ниҳоӣ ва мувофиқатномаи эҷоди каридори ҳамлу нақл ва транзитии байналмиллалӣ мавсум ба мувофиқатномаи Ашқободро имзо карданд.

Бо иттихози сиёсатҳои ҷадиди иртиботи мақомоти Эрон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз пас аз қарнҳо интизор барои нахустин бор ин имконро ба даст оварданд то аз масири Эрон ба обҳои гарм ва озоди байналмиллалӣ дастрасии худро осон кунанд.

Бо иҷроишудани комили масирҳои транзитии Эрон ва иҷрои тавофуқномаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Эрон ин кишварҳо масири махсус ба манзури тиҷорат бо ҷаҳони хориҷ ба даст хоҳад овард, бетардид итисол ва иртибот бо долони байналмиллалии шимол-ҷануб танҳо яке аз ин масирҳои иртиботии арзишманд барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талақи мешавад.

 

Барчасп