Ҳушдори бесобиқаи Русия ба режими саҳюнистӣ дар робита бо мусаллаҳ созии Украина
(last modified 2022-10-19T04:36:25+00:00 )
Октябр 19, 2022 09:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ҳушдори бесобиқаи Русия ба режими саҳюнистӣ дар робита бо мусаллаҳ созии Украина
    Таҳлил: Ҳушдори бесобиқаи Русия ба режими саҳюнистӣ дар робита бо мусаллаҳ созии Украина

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳур ва нахуствазири пешини Русия ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки ҳаргуна иқдоми онро дар мусаллаҳ созии Украина сабаби барҳамхурдани равобит миёни Русия ва Исроил хоҳад шуд. Медведев ки дар ҳоли ҳозир муъовини шурои амнияти миллии Русия аст дар коноли телеграмии худ навишт: Ба назар мерасад, ки режими саҳюнист омодаи ирсоли силоҳ барои режими Киев шуд ин иқдом тасмими бисёр бемулоҳиза аст ва равобити ду давлатро вайрон хоҳад кард.

Медведев ин ҳушдорро дар пайи он матраҳ кард, ки Начман Шай, вазири умури саҳюнистҳо дар хориҷ аз сарзаминҳои ишғоли эълом карда буд, ки замони он расид, ки ин режим сиёсатҳояш дар бораи ҷанги Украина тағир эҷод кунад ва аз Тел-Авив хост ҳаргуна мамнуъияти ирсоли таслиҳот ба Украинаро лағв кунад.

  • Агарчи режими саҳюнист дар аввали ҷанги Русия ва Украина талош дошт то мавзеъи бетарафӣ дар қиболи он иттихоз кунад, аммо бо идомаи ин ҷанг ва фишорҳои Амрико барои иқдомоти таъсиргузор зидди Русия ва ба нафъи Украина ба тадриҷ ба тарафи ҳимояти эъломи ва эъмоли аз Киев ва мухолифат бо Маскав пеш рафт.
  • Дар воқеъ равобити Русия ва режими саҳюнистӣ пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина вориди бурҳаи ҷадид ва пуртаниш ба далели мавозеъи Тел-Авив дар ҳам суи бо Ғарб ва иттихози мавозеъи зидди руси шуда аст.

Маскав илова бар ҳушдорҳои ҷидди  иқдомоти муҷозоти монанди таътилии ожонси яҳуд дар Русияро дар вокуниш ба мавзеъгириҳо ва иқдомоти хасмонаи Тел-Авив дар пеш гирифта аст.

Дар воқеъ ожонси яҳуд дар Русия ба манзалаи нуқтаи атфи дар раванди танишҳо байни Маскав ва Тел-Авив ва нишонае аз азми Русия барои бархурди ҷидди бо Исроил талақи шуда аст.

Бастани ожонси яҳуд дар Русия ба мисли зарбаи сахти барои режими саҳюнистӣ ба далели нақши калидии ин ожонс дар муҳоҷирати датсаҷамъӣ яҳудиён аз Русия ба фаластини ишғолӣ маҳсуб мешавад.

Акнун ҳушдори ҷиддии Русия аз забон Медведев, ки яке аз ҷидитарин ва дар ҳоли ҳозир бесобиқатарин эъломи хатарҳо ба режими саҳюнистӣ дар бораи идомаи сиёсатҳои ҳимоят аз Украина ва зиддияти бо Русия талақи мешавад.

Зоҳиран Тел-Авив бо мавқеъияти сахти яъне интихоби ниҳоӣ байни Русия ва Украина муваҷаҳ шуда аст, мусаламан ҳимояти Тел-Авив аз Киев ва ба вижа ирсоли таслиҳоти калидии монанди сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ва дифоъи мушаки ба Украина сабаби тағири мавзуъи куллии Маскав дар муқобили режими саҳюнистӣ хоҳад шуд, ки осори он дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла дар Сурия ва қазияи Фаластин ошкор хоҳад шуд.

 

Барчасп