Кумаки Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба Туркманистон дар умӯри амнияти иттилоотӣ
Созмони амнияту ҳамкории Аврупо эълом кард ба талошҳои давлати Туркманистон барои тазмини амният дар фазои иттилоот кумак хоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар маросими ифтитоҳияи маркази олии амнияти интернетӣ дар Пажуҳишгоҳи мухобирот ва информатикаи Вазорати омӯзишу парвариши Туркманистон эълом шуд, ки Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба талошҳои давлати Туркманистон барои тазмини амният дар фазои иттилоотӣ кумак хоҳад кард .
Ин маросим бо ҳузури мақомоти олирутбаи Туркманистон ва Ҷон Мак Григор-намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Туркманистон дар Ишқобод баргузор шуд.
Озод Атоев-муовини вазири омӯзиш ва парвариш гуфт : Мутмаин ҳастам, ки ин марказ ба унвони бистаре барои табодули таҷрибаву омӯзиши пешрафтаи муаллимон дар заминаи фанновариҳои амнияти интернетӣ хоҳад буд ва метавонад роҳи ҳалҳои ҷадид барои амнияти иттилоотро дар ихтиёр бигзорад .
Вай афзуд : Созмони амнияту ҳамкории Аврупо таҷҳизоти лозим барои таҳқиқот ва даромадҳои ҷадидро барои ин марказ дар ихтиёр хоҳад гузошт .
Мак Григори низ гуфт : Созмон ба ҳимоят аз маркази олии амнияти интернетӣ барои эҷоди бистаре барои табодули таҷрибиёти ҷаҳонӣ дар заминаи амнияти интернетӣ муқобила бо таҳдидот ва ҳамалоти интернетӣ идома хоҳад дод.