Октябр 24, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Куштаву дастгирии 116 мухолиф дар вилояти Бадахшон

Масъӯлони иттилооту фарҳанги вилояти Бадахшони Афғонистон аз оғози амалиёти мухталиф дар ин вилоят дар як ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки бар асари он 38 мухолифи ҳукӯмат кушта ва 78 нафари дигар дастгир шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муъизиддин Аҳмадӣ-раиси иттилооту фарҳанги вилояти Бадахшон аз оғози амалиёти густарда дар манотиқи мухталифи ин вилоят хабар дод ва гуфт : Дар ин маъмурияти неруҳои амниятӣ даҳҳо тан аз фармондеҳон ва неруҳои мухолиф кушта ё дастгир шуданд .
Ба гуфтаи ин мақоми давлатии ҳукӯмати Толибон дар вилояти Бадахшон дар ин даргириҳо, муҳимтарин фармондеҳони мухолифон аз ҷумла қумандон Баҳриддин ва қумандон Абдулҳамид низ дар байни кушташудагон ҳастанд .
Масъӯли иттилооту фарҳанги Бадахшон мегуяд : Ҳамчунин дар ин амалиёт се тан аз неруҳои давлатӣ низ ҷони худро аз даст дода ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд .
Аҳмадӣ ёдовар шуд, ки амалиёти низомии шаби гузаштаи неруҳои Толибон мунҷар ба нобудии охирин махфигоҳҳои мухолифон дар вилояти Бадахшон шуд.

 

Барчасп