Ноябр 13, 2022 13:16 Asia/Dushanbe
  • Талоши ғарб барои инҳирофи ҷавонони Афғонистон
    Талоши ғарб барои инҳирофи ҷавонони Афғонистон

Як узви аршади ҳукумати Толибон мегуяд ғарбиҳо дар пайи инҳирофи ҷавонони Афғонистон ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон мавлавӣ Муҳаммадюнуси Рошид, муъовини ҷавонони Вазорати иттилоъот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар намоишгоҳи ибтикори ҷавонони Ҳирот бо таъкид бар аҳамияти нақши ҷавонон дар пешрафти Афғонистон гуфт: Дар чунин шароите ғарбиҳо ба хусус Амрикоиҳо бо шаклҳои мухталиф дар талоши инҳирофи ҷавонон ва дур кардани онҳо аз арзишҳои исломӣ ва миллӣ ҳастанд.

Юнуси Рошид бо баёни ин ки ҷавонони Ҳиротии бо истеъдод ва дорои зарфиятҳои боло дар заминаҳои мухталиф ҳастанд гуфт: Масъулони ҳукумат садои ҷавононро мешунавад ва мушкилоташронро ҳал хоҳанд кард.

Муъовини ҷавонони Вазорати иттилоъот ва фарҳанги ҳукумати Толибон ҳамчунин аз баргузории як нишаст бо гуфтугуи озод ҷиҳати шунидани хостаҳо ва чолишҳои фароруи ҷавонони Ҳирот хабар дод.

Юнуси Рошид бо ишора ба нақшаҳои кишварҳои ғарби гуфт: Ғарб махсусан Амрико бо таблиғоти манфи дар пайи суст ва мунҳариф кардани ҷавонони кишвар аст.

Вай бо таъкид бар ин ки фирори ҷавонон ба нафъи кишвар нест аз онҳо хост то дар кишвари худ бимонанд.

 

Барчасп