Ноябр 14, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба варзиш кашида шуд
    Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба варзиш кашида шуд

Ба дунболи ихтилофот ва даргириҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон Душанбе тасмим гирифт аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии Самбои Бишкек пойтахти Қирғизистон сарфи назар кунад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 976 километ марзи муштарак доранд аз замони фурупошии Иттиҳоди Шуравии собиқ ин ду кишвар танҳо бар сари 520 километр марзи муштарак ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши ИРНА мусобиқоти ҷаҳонии кушти дар ҳоле имруз поён меёбад, ки дар пайи даргириҳои марзии ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки охирин мавриди он сентябри соли ҷорӣ бо даҳҳо кушта аз ҳарду тараф рух дод, давлати Тоҷикистон тасмим гирифт ба далели бархе нигарониҳои амниятӣ дар ин мусобиқот ширкат накунад.

Сармурабии тими миллии самбои Тоҷикистон гуфт: Бо вуҷуди омодагии куштигирони ин кишвар барои ширкат дар мусобиқоти Бишеке ба далели масоили марбут ба таъмин нашудани амнияти варзишкорони тоҷик аз ширкат дар ин мусобиқот сарфи назар.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии Самбои Бишкек варзишкорони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Самбо варзиши разми ва мисли кушти ва ҷудо мебошад, самбо дар луғат ба маънои дифоъ аз худ бедуни силоҳ аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп