Таъкиди мақоми Толибон ба озодсозии дороиҳои Афғонистон аз тарафи Амрико
(last modified Mon, 28 Nov 2022 07:44:52 GMT )
Ноябр 28, 2022 12:44 Asia/Dushanbe
  • Хайрхоҳ гуфт: Масдуд шудани дороии мардуми Афғонистон зулм аст ва ҳеҷ тавҷеҳи вуҷӯд надорад
    Хайрхоҳ гуфт: Масдуд шудани дороии мардуми Афғонистон зулм аст ва ҳеҷ тавҷеҳи вуҷӯд надорад

Вазири иттилоот ва фарҳанги Толибон дар Афғонистон, бар лузуми озодсозии дороиҳои ин кишвар аз тарафи Амрико таъкид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Мулло Хайруллоҳи Хайрхоҳ, вазири иттилоот ва фарҳанги давлати Толибон бо ишора  ба инки дороиҳои булук шуда дар Амрико мутаълиқ ба миллати Афғонистон аст гуфт: Ин иқдоми Вашингтон бештарин осебро ба мардуми Афғонистон ворид кардааст ва ин пулҳо бояд бидуни қайд шарт озод шаванд.

Хайрхоҳ гуфт: Масдуд шудани дороии мардуми Афғонистон зулм аст ва ҳеҷ тавҷеҳи вуҷӯд надорад.

Дар ҳамин ҳол, утоқи саноеъ ва маъодани Афғонистон эълом кард, таҳримҳо ва булук шудани дороиҳои Афғонистон аз тарафи Амрико, мушкилоти бозаргонони афғонро афзоиш додааст.

Бештар бихонед: