Сарконсулгарии Эрон ҳодисаи террористии Мазори Шарифро маҳкум кард
(last modified Tue, 06 Dec 2022 13:26:00 GMT )
Декабр 06, 2022 18:26 Asia/Dushanbe
  • Сарконсулгарии Эрон ҳодисаи террористии Мазори Шарифро маҳкум кард
    Сарконсулгарии Эрон ҳодисаи террористии Мазори Шарифро маҳкум кард

Сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Мазори Шарифи Афғонистон ҳодисаи террористии дар ин шаҳрро маҳкум кард.

Ба гузориши ИСНА, сарконсулгарии Эрон дар Мазори Шариф ҳодисаи террористии дар ин шаҳрро, ки мунҷар ба кушта ва захми шудани теъдоди аз мардуми бегуноҳ шудро маҳкум ва ба бозмондагони ин ҳодиса ибрози ҳамдарди кард.

Бар асари инфиҷори субҳи рузи сешанбе автобуси ҳомили кормандони идораи гумрук дар Мазори Шариф маркази устони Балх шимоли Афғонистон 19 нафар кушта ва захми шуданд.

Ин инфиҷор як ҳафта пас аз ҳамлаи террористӣ ба масҷиде дар устони Самангон рух дод.

Афғонистон пас аз қудрат гирифтани дубораи Толибон дар августи соли 2021 шоҳиди инфиҷорҳо ва ҳамалоти террористӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар аз ҷумла Кобул, масҷидҳои Мазори Шариф ва Қундуз аст, ки бар асари он садҳо нафар кушта ва захми шуданд.

Масъулияти бештари инфиҷорҳоро гуруҳи террористии ДИИШ бар уҳда гирфта аст.

Вуқуъи инфиҷорҳои террористӣ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон собит кард бар хилофи иддаои давлати мувақати Толибон дар Афғонистон ин давлат натавонист амнияти лозимро дар Кобул ва дигар шаҳрҳои ин кишвар барқарор кунад.