Декабр 20, 2022 19:34 Asia/Dushanbe
  • Баргузории 28-умин шурои иттилоъоти ИДМ
    Баргузории 28-умин шурои иттилоъоти ИДМ

Ҷаласаи 28-умин шурои ИДМ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар ин ҷаласа аз ширкаткунандагон даъват шуд то фаъолона дар пушиши хабари тарҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ширкат кунанд.

Дар таърихи 19 декабр 28-умин нишасти шурои сарони ожонсҳои ИДМ ба сурати маҷози баргузор шуд, ширкаткунандагони он дар мавриди масоили ҳамкории эҷоди дар соли 2023 гуфтугу карданд.

Ин нишаст таҳти раёсатим Сергей Михайлов раиси шурои раисони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокчии ИДМ, мудири кули ТАСС баргузор шуд.

Дар ин нишаст раисони хабаргузориҳои давлтаии иттилоотии «Азертадж» (Озарбойҷон), «Арменпресс» (Арманистон), «БелТА» (Беларус), «Казинформ» (Қазоқистон), «Кабар» (Қирғизистон), ТАСС (Русия), «Ховар» (Тоҷикистон) ва «УзА» (Узбекистон) дар хусуси ҳамоҳангии фаъолиятҳои иттилоъоти ва иҷрои тарҳҳои муштарак ба манзури рушди ҳамкори байни кишварҳои ИДМ дар заминаи иттилоъот суҳбат ва назароти худро баён карданд.

 

Барчасп