Январ 06, 2023 17:19 Asia/Dushanbe
  • Теъдоде дар кони тиллои Ёвони Афғонистон зери овор мондаанд
    Теъдоде дар кони тиллои Ёвони Афғонистон зери овор мондаанд

Дар пайи рониши замин дар як кони тилло дар вулусволи (шаҳристон)-и Ёвони вилояти Бадахшон, шуморе аз коргарон зери овор мондаанд.

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтаанд, дар пайи ҳаффории ғайриусулии асри панҷшанбеи кони тилло дар рустои Хайробод, аз тавобеи шаҳристони Ёвони вилояти Бадахшони Афғонистон, бахше аз ин кон фурӯ рехту теъдоде аз коргарон зери овор монданд.

Сокинон бо таъйиди маҳбус шудани дастикам се коргар дар зери овори кони тиллои вилояти Тахор гуфтанд: Мардуми маҳаллӣ барои берун кашидани гирифторшудагон аз овор, бо васоили ибтидоӣ талош мекунанд, аммо то кунун муваффақ нашудаанд.

Бар асоси ин гузориш, тимҳои имдодӣ аз Файзобод, маркази Бадахшон ба далели харобии ҳаво ва ҷодаҳои мунтаҳӣ ба шаҳристони Ёвон то кунун ба ҷои ҳодиса эъзом нашудаанд.

 

Барчасп