Январ 06, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар эътирозҳои Қазоқистонро рад кард
    Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар эътирозҳои Қазоқистонро рад кард

Тоҷикистон иддаои мақомоти қазоқ дар мавриди даст доштани шаҳрвандонаш дар нооромиҳои соли гузаштаи Қазоқистонро рад кард.

Додситони кулли Қазоқистон рузи 5 январ муддаӣ шуд, дар нооромиҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар, шаҳрвандони чанд кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доштанд.

Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон дар порлумони кишвараш гуфт:  "Шаҳрвандони хориҷӣ ба ширкат дар беназмиҳои умумӣ ва ҷиноятҳои дигар гумонбар дониста мешаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд”.

Дар пайи пахши ин хабар Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон рад кард.

Мақомоти ин вазоратхона ҳамчунин  гуфтанд, баъд аз нашри хабарҳо дар бораи мавзӯи ёдшуда Сафорати Тоҷикистон ба ниҳодҳои марбутаи Қазоқистон муроҷиат кард ва ин далелҳо таъйид нашуданд.

Дар нооромиҳои соли гузаштаи Қазоқистон беш аз 200 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

 

 

 

Барчасп