Январ 09, 2023 10:39 Asia/Dushanbe
  • Дар ин дидор,ширкатҳои чинӣ алоқаи зиёде барои сармоягузори дар бозори Туркманистон нишон доданд
    Дар ин дидор,ширкатҳои чинӣ алоқаи зиёде барои сармоягузори дар бозори Туркманистон нишон доданд

Раиси Ҷумҳӯрии Туркманистон ва нахуствазири Чин дар дидор бо якдигар, густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисоди хостор шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сардор Бердимуҳаммадов Раиси Ҷумҳӯрии Туркманистон дар чорчӯби сафари расмии худ ба Чин бо Ли Кегианг нахуствазирии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

 Дар ин дидор дар бораи чашмандозии ҳамкориҳои Туркманистон ва Чин ва тавсиаи дуҷонибаи судманд табодули назар шуд.

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон гуфт: Аввалин сафари давлати ба Чинро раводиди муҳиме медонанд, ки ангезаи ҷадиде ба таҳкими равобитим дустона ва бародаронаи дукишвар бар асоси усули баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳусни  ҳамҷаворӣ хоҳад дод.

Нахуствазири Чин ҳам дар ин дидор таъкид кард, сафари Раиси Ҷумҳӯрии Туркманистон ба Чин гоми муҳиме дар тақвияти дустии ду миллат хоҳад буд.

Дар ин дидор,ширкатҳои чинӣ алоқаи зиёде барои сармоягузори дар бозори Туркманистон нишон доданд.

Раиси Ҷумҳӯрии Туркманистон ва раиси Кумитаи доими парлумони миллии Чин низ дар дидори якдигар дар Пекин дар мавриди эҷоди Шӯрои парлумони Осиёи Марказӣ ва Чин ба тавофуқ расиданд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп