Январ 11, 2023 18:13 Asia/Dushanbe
  • Барқи воридотии Туркманистон ба Ҳирот қатъ шудааст
    Барқи воридотии Туркманистон ба Ҳирот қатъ шудааст

Ҷараёни барқи воридотии Туркманистон ба вилояти Ҳирот, дар ғарби Афғонистон қатъ шудааст.

Афғонистон 75 дарсади барқи мавриди ниёзи худро аз Узбакистон, Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон таъмин мекунад ва солона 280 миллион доллар бобати хариди барқ харҷ мекунад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, раёсати барқи Афғонистон (Брешно) имрӯз, чаҳоршанбе эълом кард, барқи воридотии Туркманистон дишаб ба далели нақси фаннии иттисоли кабелҳо дар шаҳристони Работи Сангии вилояти Ҳирот қатъ шуд.

Бар асоси ин гузориш, тимҳои фаннии раёсати барқ барои бартараф кардани мушкилоти фаннӣ озими маҳал шуданд, аммо ба далели резиши сангини барф натавонистанд худро ба ин минтақа бирасонанд.

Раёсати барқи Афғонистон афзуд, дар пайи бурузи нақси фаннӣ дар шабакаи интиқоли барқи Туркманистон, ниме аз шаҳристони Работи Сангӣ ва шаҳри Ҳирот барқ нахоҳад дошт.

Барқи воридотии Эрон ба Ҳирот низ шаст дарсад коҳиш ёфтааст. Мизони барқи воридотӣ аз Эрон аз сад мегаватт ба чиҳил мегаватт расидааст.

Хабари дигар ин ки раёсати барқи Афғонистон аз тамдиди қарордоди воридоти барқ аз Тоҷикистон то поёни соли 2023 мелодӣ хабар дод. Ин тавофуқнома миёни мулло Муҳаммадҳаниф Ҳамза, раиси ширкати Брешно ва Муҳаммадумар Исозода, раиси ширкати миллии барқи Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Чанде қабл низ Афғонистон қарордоди воридоти барқ аз Узбакистонро бо имзои тавофуқномае тамдид кард.

 

Барчасп