Январ 28, 2023 19:34 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи содироти маҳсулоти кишоварзии бозаргонони Тоҷикистон ва Қазоқистон

Бозаргонони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Қазоқистон тавофуқномаи содироти маҳсӯлоти кишоварзӣ имзо карданд.

Ба манзури содироти маҳсӯлоти кишоварзӣ ба Қазоқистон, байни тоҷирони Суғд ва манотиқи Қазоқистон қарордодҳои ҳамкорӣ имзо шуд.

Ин қарордодҳо дар чорчӯби сафари тоҷирони Қазоқистон ба вилояти Суғд ба имзо расид.

Ҳамзамон, нишасти тоҷирону кишоварзони Суғд бо тоҷирони Қазоқистон дар Утоқи бозаргонӣ ва саноати вилояти Суғд баргузор шуд.

Дар ин нишасти фурсатҳои сармоягузорӣ, маҳсӯлоти кишоварзии тавлид шудаи Суғд ва ҳаҷми содироти он ба меҳмонон ироа шуд.

Мушаххас шуд, ки маҳсӯлоти Тоҷикистон дар Қазоқистон муштариёни зиёд дораду маҳофили тиҷории ду кишвар метавонанд барои содироти маҳсӯлоту меваҳои хушку тар ҳамкорӣ кунанд.

 

Барчасп