Феврал 04, 2023 20:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистону Қирғизистон бар ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ

Дар музокироти намояндагони вилояти Суғд ва Боканди Қирғизистон бар ҳалу фасли мусолиматомези масоили марзӣ байни ду кишвар таъкид шуд.

Ба мизбонии Тоҷикистон дар яке аз манотиқи марзии ин кишвар ( ҷамъияти деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) нишасти муштараки намояндагони устони Суғд ва Бодканди Қирғизистон баргузор шуд.

Раёсати ҳайатҳои ду кишварро дар ин музокирот Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Абдукарим Алимбаев, устондори Бодканди Қирғизистон бар ӯҳда доштанд.

Дар ин музокирот ҳамчунин генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии манотиқи Суғду Бодканд, раисони шаҳрҳо ва манотиқи марзӣ, намояндагони мардумии шаҳракҳои марзӣ ширкат карданд.

Дар натиҷаи ин музокирот, ду тараф тавофуқ карданд, ки байни ҷамъияти марзии манотиқи Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон беш аз пеш масоилро тавзеҳ диҳанд ва бар аҳаммияти ҳаллу фасли ҳамаи мушкилоту ихтилофоти марзӣ мунҳасиран аз тариқи музокира ва тафоҳуми мутақобил таъкид кунанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак, ки давоми соли 2023 дар самти мустаҳкам намудани тадбирҳои эътимоди ҳамдигарӣ ва банизомдарории масоили сарҳадӣ амалӣ гардонида мешавад, тартиб дода шудааст.

Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд супориш дода шудааст, ки дар асоси ин нақша — чорабиниҳои муштарак нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб диҳанд ва тадбирҳоро дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ амалӣ намоянд.

 

Барчасп