Ҷамъоварии 150 тон кумаки башрдӯстонаи мардуми Қазоқистон барои ирсол ба Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i98408-Ҷамъоварии_150_тон_кумаки_башрдӯстонаи_мардуми_Қазоқистон_барои_ирсол_ба_Туркия
Мардуми Қазоқистон барои кумак ба зилзилазадагони Туркия ба сурати довталабона 150 тон кумак ҷамъоварӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 15, 2023 10:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии 150 тон кумаки башрдӯстонаи мардуми Қазоқистон барои ирсол ба Туркия
    Ҷамъоварии 150 тон кумаки башрдӯстонаи мардуми Қазоқистон барои ирсол ба Туркия

Мардуми Қазоқистон барои кумак ба зилзилазадагони Туркия ба сурати довталабона 150 тон кумак ҷамъоварӣ карданд.

Ба гузориши Садои Хурсон, бар асоси эъломи Вазорати иттилоъот ва рушди иҷтимоъии Қазоқистон ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаи ҷамъоварӣ шуда тавассути сокинони манотиқи мухталифи ин кишвар барои зилзилазадагони Туркия 150 тон расидааст.

Болотарин мизони ҷамъоварии кумакҳои башардӯстона ба устонҳои Алмаато 68 тон ва Шимкент 50 тон таълуқ гирифтааст.  

Гуфта шудааст, ки то ҳоли ҳозир 75 тон кумаки башардустона ба Туркия ирсол ва ҳамчунин 32 миллион танга (воҳиди пули миллии Қазоқистон) тавассути мардум ҷамъоварӣ ва ба Сандуқи бунёди пешгири ва рафъи авоқиби ҳаводиси ғайри мунтазираи Туркия вориз шудааст.

Зилзилаи 7.8 риштарӣ ҳафтаи гузашта дар Туркия ва Суроия аз марзи 36 ҳазор нафар убур карда ва имдодгарон ҳамчунон ба берун овардани бозмондагони зери овор дар ин ду кишвар идома медиҳанд.

Бештар бихонед: