Ҳамкории Лондон ва Бишкек барои сохти нерӯгоҳи барқи обӣ
Мақомоти вазорати энержии Қирғизистон ва ширкати англисӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ барои иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи сохти нерӯгоҳи барқи обӣ имзо карданд.
Таалайбек Ибраев, вазири энержии Қирғизистон бо Роберт Битхард, мудири ширкати англисии MINDDOCK LIMITED DBA Enterprise "Energy Investments" ёддошти тафоҳумнома барои сохти нерӯгоҳи барқи обии Норин имзо карданд.
Ҳадаф аз ин тафоҳумнома иҷрои муштараки пружаи эҳдоси нерӯгоҳи барқи обӣ Норин аст. Пружаи эҳдоси нерӯгоҳҳои Норин шомили 4 нерӯгоҳи барқи обӣ бо зарфияти насб шуда 237.7 мегаватт ва миёнгини тавлиди солона 942.4 миллион киловатт соат аст.
Ба гуфтаи вай, бо афзоиши ҷамъият ҳар рӯз бар теъдоди афроде, ки аз барқ истифода мекунанд, афзӯда мешавад. Дар ин росто эҳдоси нерӯгоҳи Норин бахше аз рафъи камбуди барқ аст.
Дар чорчӯби ин тафоҳумнома тарафайн дар мавриди мавзуоти ҳамкории бештари табодули назар карданд ва теъдоде аз мавзуотро ба манзури тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи сӯдманд дар заминаи саноати барқ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.