Узбакистон роҳандозии системаи пардохти воҳидро дар Осиёи Марказӣ ироа медиҳад
Расонаҳои узбакистонӣ мегуянд, ки мақомоти ин кишвар пешниҳоди эҷоди як системаи пардохти воҳид дар Осиёи Марказиро ироа карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати сармоягузори, саноат ва тиҷорати Узбакистон гузориш дод, ки ин мавзуъ дар натиҷаи нишасти шурои тавофуқномаи чорчуби тиҷорат ва сармоягузории Амрико ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор шуд мушахас шуда аст.
Вазири сармоягузори, саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Узбакистон Лазиз Қудратов дар ин нишаст ба фурсатҳои баргузори барои ҳамкори байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тиҷорат, иқтисод, сармоягузори, ҳамлунақл ва дигар бахшҳо ишора кард.
Бар асоси гузоришҳо вазири узбакистонӣ аз ибтикороти барои муаррифии системаҳои гувоҳи электорникӣ барои маҳсулоти кишоварзӣ, иқдомот ва равияҳои гумруки бар асоси тавсияҳои барномаи рушди қонуни тиҷорат, ҳамоҳангсозии илзомоти беҳдоштии гиёҳи, табодули беҳтарин шеваҳо ва тавонмандсозии иқтисодии занон дар минтақа хабар дод.
Дар идомаи ин нишаст баёнияи муштараке ба тасвиб расид, ки дидгоҳи муштараки ширкаткунандагон дар тақвияти бештари ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузори ва иқдомоти барои иҷрои амалии тарҳҳо ва ибтикорот мавриди баҳсро мунакис кард.