-
Тамдиди тавофуқномаи қаблии Тоҷикистон ва Узбакистон барои истифода аз обанбори “Фарҳод”
Апрел 09, 2018 05:43Ҷузъиёти созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари истифода аз неругоҳи барқӣ обии “Фарҳод” нишон медиҳад, ки ду тараф тавофуқномаи қаблиро дар ин замина ба муддати 49 сол тамдид кардаанд.
-
"New York Times": Гулнора Каримова зинда нест
Апрел 08, 2018 07:16Нашрияи амрикоии Ню Йорк Таймз (The New York Times) ба тозагӣ муддаӣ шудааст, ба эътиқоди бештари мардум, Гулнора Каримова, фарзанди бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Узбакистон мурдааст ва шавоҳиде, ки зинда будани ӯро таъйид кунад, вуҷуд надорад.
-
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон барканор шуд
Апрел 07, 2018 16:53Раисиҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме, раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишварро барканор кард.
-
Тасмими зидди фасоди раисиҷумҳури Қирғизистон
Апрел 05, 2018 15:32Раисиҷумҳури Қирғизистон бо ҳадафи мубориза бо фасод, ҳузури ширкатҳои мутааллиқ ба мақомотро дар муноқисаҳои давлатӣ, мамнуъ кард.
-
Имзои қарордоди ҳамкорӣ байни Ӯзбакистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай
Апрел 05, 2018 05:04Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон тавофуқномаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ имзо кард.
-
Талоши Тоҷикистон барои тавофуқ бо Қирғизистон бар сари нишонагузории сарҳадди муштарак
Апрел 05, 2018 05:03Мақомоти давлати Тоҷикистон эълом карданд талош мекунанд, то пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек бо Қирғизистон барои ҳалли нишонагузории сарҳадҳои муштараки ин ду кишвар ба тавофуқ бирасанд.
-
Самарқанд пойтахти Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешавад?
Апрел 04, 2018 10:23Ду пажӯҳишгари масоили сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон гуфтаанд, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон тарҳҳои вижае барои ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад, ки яке аз онҳо эъломи Самарқанд ба унвони пойтахти Осиёи Марказӣ аст.
-
Бозгашти оромиш ба марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз даргирӣ + видео
Апрел 04, 2018 05:36Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон муваффақ ба эҷоди оромиш пас аз як даргирӣ дар хати марзи муштарак шуданд.
-
Узбакистон дар нишасти Шӯрои вузарои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ширкат мекунад
Апрел 03, 2018 14:41Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳайати узбакистонӣ бо сарпарастии Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии ин кишвар дар нишасти давраии Шӯрои вузарои умури хориҷии кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, ки дар таърихи 6-уми апрел дар шаҳри Минск, пойтахти Беларусия баргузор мешавад, ширкат мекунад.
-
Маҳкумияти зиндон барои муттаҳамони узви ДИИШ дар Узбакистон
Апрел 03, 2018 09:37Додгоҳи устони Намангон дар шарқи Узбакистон, 8 шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми узвияти дар ДИИШ 6 то 14 сол зиндон маҳкум кард.