Апрел 15, 2023 14:27 Asia/Dushanbe
  •  Барпоии намози ҷумъаи 250 ҳазор нафарии охирин ҷумъаи моҳи Рамазон дар масҷиди Алақсо

Ҳудуди 250 ҳазор фаластинӣ намози охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазони мусодиф бо рӯзи ҷаҳонии Қудсро дар масҷиди Алақсо иқома карданд .

Ҷумъаи 14 апрели 2023 ( 25 фарвардини 1402 ) мусодиф бо 23 рамазони 1444 рӯзи ҷаҳонии Қудс буд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рўзи шанбеи Фаластин алявм, намози ҷумъаи фаластиниёни рӯзи гузашта дар Масҷидулақсо дар ҳоле баргузор шуд, ки шумори зиёдӣ аз неруҳои низомии режими ишғолгари Қудс аз соъоти аввалияи субҳ дар вурӯдиҳову дохили бахши қадимии шаҳри Қудсу масҷиди Алақсо ва ҳамчунин марокизи исту бозрасии атрофи он ба вижа Каронаи бохтарӣ мустақар шуданд .
Бар асоси ин гузориш барағми маҳдудиятҳо  тавассути низомиёни саҳюнист дар вурӯдиҳои Қудси ишғолӣ ,ҷамъияти анбуҳе аз тамоми нуқоти Каронаи бохтарии ишғолӣ ва манотиқи дохилии сарзаминҳои ишғолӣ барои иқомаи намоз ба Масҷидулақсо рафтанд .
 

 

Барчасп