Июн 28, 2023 11:47 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тадовуми шаҳраксозии ғайри оддии режими саҳюнистӣ бо вуҷҷӯди мухолифатҳои густарда
    Таҳлил: Тадовуми шаҳраксозии ғайри оддии режими саҳюнистӣ бо вуҷҷӯди мухолифатҳои густарда

Режими саҳюнистӣ дар идомаи роҳбурди тасоҳуб ва иштиғоли сарзаминҳои фаластинӣ бо сохти 5 ҳазору 623 воҳиди шаҳраки ҷаддид дар Каронаи Бохтарӣ мувофиқат кард.

Режими ҷаълии Исроил, ки бо ҳимояти Британия, Амрико ва Созмони Миллали Муттаҳид, ҷуғрофиёи Фаластинро ишғол кард, рӯз ба рӯз ба ҷуғрофиёи ишғолӣ меафзояд ва зимни мусодираи заминҳо ва манозили фаластиниҳо, онҳоро ихроҷ ва шаҳракҳо ва воҳидҳои ҷаддиде барои саҳюнистҳо эҷод мекунад. Пас аз ишғоли Каронаи Бохтарӣ руди Урдун ва шаҳри Қудс дар соли 1967 тавассути режими Исроил беш аз 450 шаҳраки саҳюнистнишин дар ин манотиқ сохта шуда, ки ҳудуди 650 ҳазор саҳюнист дар онҳо сокин ҳастанд. Ахиран низ дар идомаи ин сиёсат, Шӯрои олӣ барномарезӣ ва созандагӣ,  вобаста ба артиши режими саҳюнистӣ бо сохти панҷ ҳазору 623 воҳид шаҳраки ғаёри қонунӣ дар Каронаи Бохтарӣ мувофиқат кард.

Тасмим барои сохти воҳидҳои шаҳраки ҷаддид дар ҳоле иттихоз мешавад, ки  пеш аз Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар декабри 2016 бо тасвиби қатъномаи 2334 шаҳраксозиро маҳкум кард ва хостори тавақуфи он шуд. Ахъиран низ Гуттереш, Дабри кулли Созмони Миллали Муттаҳдид дар гузорише, Кабинаи режими саҳюнистиро ба тавақуфи тамоми фаъолиятҳои муртабит бо шаҳраксозиҳои саҳюнистӣ фаро хонд ва эълом кард: Тамоми шаҳракҳо дар Каронаи Бохтарии ишғолиро аз ҷумла Қудси  шарқӣ, ғайри қонуни аст.

Бо ин ҳол, пас аз маҳкумияти ин иқдом тавассути Гуттереш, режими саҳюнистӣ тасмим гирифт 5 ҳазору 623 воҳиди дигар эҷод кунад. Ҳатто кишварҳое, ки оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро анҷом доданд низ иқдоми ин режимро маҳкум карданд. Вазорати хориҷаи Туркия дар баёнияе эълом кард возеҳ аст, ки шаҳраксозиҳои ғайр қонуние,ки аз ибтидои сол то кунун аз марзи 13 ҳазор воҳиди маскуни гузашта ва рекорди ҷаддидро ба сабт расондааст, ба таври ҷидди пояҳои сулҳи пойдорро тазъиф мекунад. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки режими саҳюнистӣ бояд фавран барномаҳояшро барои сохти шаҳракҳое, ки ҳуқуқи фаластиниёнро нақз мекунад, мутавақиф кунад.

Ба наазар мерасад се омил далели таъкиди режими саҳюнистӣ бар тадоввуми сиёсати ғайри қонунии шаҳраксозӣ аст. Омили нахзуст ин аст, ки шаҳраксозӣ муҳимтарин роҳбурди ин режим дар қиболи фаластиниҳо аст. Кабинаҳои мухталифи ишғолгари Қудс дар тамоми давраҳо, шаҳраксозиро пайгири карданд ва анҷом доданд ва дар ин роҳ ҳатто ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид низ бетафовут буданд. Омили дувум марбут ба сиёсатҳои қудратҳои бузург аст. Қудратҳои аврупоӣ ва амрикоӣ агарчӣ дар бораи тадовуми шаҳраксози ибрози нигаронӣ карданд. Аммо то кунуну ҳеҷ иқдоми ҷиддӣ барои мутавақиф кардани ин ҷиноят тавассути саҳюнистҳо анҷом надоданд. Дар воқеъ, тадовуми шаҳраксозӣ бо чароғи сабзи қудартҳои ғарбӣ анҷом шуд.

Омили саввум низ марбут ба шароити кунуни дар ирози ишғоли аст. Натанияҳу ва кабинааш ба шиддат таҳти фишорҳои дохилӣ қарор доранд ва то кунун 25 ҳафтаи мутаволии тазоҳуроти чанд сад ҳазор нафари алайҳи Кабинаи вай баргузор шуд. Илова барин  ҷангҳое ҳам, ки кабинаи Натанияҳу алайҳи фаластиниҳо анҷом медиҳад натиҷаи матлуби онҳоро дар пай надорад. Биноабарин , Натанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ барои сарпуш гузоштан бар  шикасти низомӣ ва амниятӣ Тел-Авив ва розӣ кардани мардум, бо эҳдоси шаҳракҳои ҷаддид ва воҳидҳои ҷаддид мувофиқат мекунанд.

 

 

Барчасп