Март 27, 2024 18:22 Asia/Dushanbe
  • Арабистон дар баёнияе мусодираи сарзаминҳои фаластиниён аз сӯи Исроилро маҳкум кард
    Арабистон дар баёнияе мусодираи сарзаминҳои фаластиниён аз сӯи Исроилро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ иқдоми режими саҳюнистӣ барои мусодираи ҳудуди 800 гектор аз минтақаи Алағвор (дараи Урдун), воқеъ дар сарзаминҳои Фаластинро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), Вазорати умури хориҷаи Арабистон дар баёнияе мусодираи сарзаминҳои фаластиниёнро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои марбута ва густариши ошкори шаҳраксозии худсарона тавассути режими ишғолгар эълом кард.

 

Вазорати умури хориҷаи Арабистон дар идома, таваққуфи фаврии таҷовузоти систематии шаҳракнишинони саҳюнист ва бозгардондани заминҳои мусодирашудаи фаластиниҳо тавассути ҷомеаи байналмилалиро хостор шуд.

 

 

 

 

 

 

Барчасп