Апрел 27, 2024 12:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии муқовимати Ироқ ба бандари Ҳайфо

Муқовимати исломии Ироқ бомдоди шанбе бо судури баёнияе эълом кард : Як ҳадафи ҳаётӣ дар бандари Ҳайфо дар Фаластини ишғолиро бо паҳпод ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар баёнияи Муқовимати исломии Ироқ бар идомаи ҳамлаҳо ба аҳдофи режими Исроил дар посух ба ҷиноятҳои ин режим дар ҳадаф қарор додани ғайринизомиён таъкид шудааст.

 Гурӯҳи Муқовимати исломии Ироқ дар амалиётҳои гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ, ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, амалиёти худ алайҳи мавозеъ ин режимро ташдид хоҳад кард.

 Ин гурӯҳ пас аз анҷоми амалиётҳои худ дар сарзаминҳои ишғолӣ, ҳамвора бар ҳимояташ аз мардуми Ғазза ва ташдиди ҳамлаҳо алайҳи ишғолгарон дар моҳи мубораки Рамазон таъкид карда буд.

 

Барчасп