Апрел 26, 2024 22:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори Низомиддин Зоҳидӣ ва Меҳдии Зейғамӣ
    Дидори Низомиддин Зоҳидӣ ва Меҳдии Зейғамӣ

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон бо Меҳдии Зейғамӣ, муовини вазири саноеъ, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши манобеи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор мавзӯоти тақвияти ҳамкориҳо байни вазоратхонаҳои саноеи ду кишвар, аз ҷумла ширкати ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи “IRAN EXPO – 2024” ( 27 – 29 апрели соли 2024) ва дигар мавзӯҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн баҳсу баррасӣ шуд.

 

Барчасп