Октябр 15, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти талофиҷӯёнаи Ҳизбуллоҳи Лубнон аз режими саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом карда буд, дар ростои посух ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ амалиёти талофиҷӯёнаро оғоз хоҳад кард.

Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, дар ростои посух ба таҷовузҳои исроилиён ва ҳамлаи ин режим ба аҳолии расона, ки ба шаҳодати Исом Абдуллоҳ ва захмӣ шудани чанд тан аз рӯзноманигорон мунҷар шуд ва ҳамчунин бомбаборони як хона дар Шабъо, ки ба шаҳодати шаҳрвандони лубнонӣ, Халил Асъад Алӣ Ҳошим ва Рибод Ҳусайн Окум анҷомид, гуруҳи шаҳидони Алӣ Юсуф Алоиддин ва Ҳусайн Камол Мисрӣ субҳи имрӯз (якшанбе) маркази артиши душмани саҳюнистӣ дар минтақаи Шотулоро бо мӯшакҳои ҳидоятшаванда ҳадаф қарор доданд, ки ба кушта ва захмӣ шудани чанд тан анҷомид.
 

Барчасп