Октябр 28, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳания ба муқобилаи неруҳои Муқовимат дар баробари ҳамлаи заминии режими саҳюнситӣ

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ҷумъашаб дар вокуниш ба муқобилаи пирӯзмандонаи гурдонҳои Қассом ва шикасти юриши заминии режими саҳюнистӣ ба шимолӣ наворӣ Ғазза гуфт: Ин шикаст, мӯъҷизаи илоҳӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Ҳания бомдоди шанбе дар сафҳаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Шикасти юриши заминии режими саҳюнистӣ ба шимоли навори Ғазза бо вуҷуди ҳамзамонии бомбаборони ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ, як мӯъҷизаи илоҳӣ аст.

Гурдонҳои шаҳид Изуддин Қассом-шохаи низомии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) ҷумъашаб аз муқобила бо ҳамлаи заминии режим саҳюнистӣ ба шимоли навори Ғазза хабар дод.

Ҷумъашаб неруҳои режими саҳюнистӣ аз чанд меҳвар талош карданд, ки таҳти пӯшиши ҳамалоти ҳавоии сангин ва бесобиқа вориди марзҳои шарқии навори Ғазза шаванд, ки ноком монданд.

 

Барчасп