Ноябр 04, 2023 13:23 Asia/Dushanbe
  • таҳлил; Паҳлуҳои муҳимми суханони Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи Тӯфони ал-Ақсо

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне зимни интиқод аз сукути кишварҳои арабӣ дар қиболи ҷиноятҳои режими ишғолгари Қудс таъкид кард:Амалиёти Тӯфони ал-Ақсо комилан фаластинӣ ва барои миллати Фаластин ва ормони онҳо аст.

  4 ҳафта аз Тӯфони ал-Ақсо ва ҳамчунин ҷангу ҷинояти режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза мегузарад, ҷинояте, ки то кунун ҳудуди 9 ҳазору 300 шаҳид ва ҳудуди 24 ҳазор маҷрӯҳ доштааст. Сайидҳасан Насруллоҳ дирӯз 3 ноябр 2023 дар суханоне Тӯфони ал-Ақсо ва ҷиноятҳои режими сҳиунистӣ ва улгуи рафтории кишварҳои ғарбӣ ва арабиро бозгӯ кард.

 Нуктаи нахуст дар суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид бар ин мавзӯъ буд, ки амалиёти  Тӯфони ал-Ақсо моҳият комилан фаластинӣ дорад ва ҳеҷ як аз бозигарони меҳвари муқовимат аз ин амалиёт иттилоъ надоштанд. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин хусус гуфт: «Ҳам тасмим ва ҳам иҷрои амалиёти бузурги Тӯфони ал-Ақсо сад дарсад аз сӯи фаластиниён буда ва тарроҳон, ин нақшаро аз ҳама ҳатто аз гурӯҳҳои муқовимати мустақар дар Ғазза пинҳон карда буданд. Комилан сиррӣ будани ин амалиёт буд, ки муваффақиятро бо унсури ғофилгирӣ тазмин кард.»

Нуктаи дигар ин буд, ки 75 сол ҷинояти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин, омили аслии тарроҳӣ ва иҷрои амалиёт буд. Бо ин ҳол мардуми Фаластин ба дарду ранҷ одат карда буданд, аммо шиддат гирифтани хушунат аз сӯи давлати тундрави Исроил сабаб шуд авзоъ дар Ғазза душвортар шавад. Аз сӯи дигар сустии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа низ сабаб шуд фаластиниҳо аз ҳар гуна ҳимояти ҷаҳонӣ ноумед шуда ва амалиёти Тӯфони ал-Ақсоро иҷро кунанд.

Нуктаи севум ин буд, ки бар хилофи таблиғоте, ки дар хусуси навъи робитаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳҳои муқовимат анҷом мешавад ва бархе иддао мекунанд гурӯҳҳои муқовимат бидуни огоҳии Эрон иқдоме анҷом намедиҳанд. Амалиёти Тӯфони ал-Ақсо низ аз ҷумла иқдомҳое аст, ки размндагони Ҳамос анҷом дода ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ иттилое дар бораи он надошт. Сайидҳасан Насруллоҳ дар ин замина низ гуфт: «Ончи дар Тӯфони ал-Ақсо рух дод, нишон дод, ки Эрон ҳеҷ қаймумият(сарпарпасти)е бар гурӯҳҳои муқовимат надорад ва тасмимгирандагони воқеӣ сарони Муқовимат ва размндагони онҳо ҳастанд.»

Нуктаи чаҳорум инки; Режими саҳюнистӣ бо кумак ва ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар талош аст аз шиддати шикаст дар Тӯфони ал-Ақсо бикоҳад, аммо воқеият ин аст, ки  амалиёти Тӯфони ал-Ақсо заъф ва сустии ин режим ва инки онҳо ҳақиқатан сусттар аз хонаи анкабут ҳастандро нишон дод. Давлати Амрико ва раиси ҷумҳур, вазирон ва генералҳои он ҳамагӣ шитофтанд то ин режимро ҳифз кунанд; Режиме, ки меларзид ва зилзилае дар он рух дода буд, то балки ҳадде аз ҳушёриро ба он бозгардонанд ва боис шаванд дубора рӯйи поҳояш биистад; Аммо то ин лаҳза ҳанӯз натавониста ибтикори амалро ба даст бигирад. Ин шитобзадагии Амрико барои ба оғӯш гирифтани Исроил заъфу сустии ин режимро нишон дод.»

 Нуктаи панҷум низ интиқод аз кишварҳои арабӣ буд. Режим саҳюнистӣ дар ҳоли куштори мардуми Ғазза ва наслкушӣ аст. Аксар афроде, ки шаҳид мешаванд, зан ва ғайринизомӣ ҳастанд. Ба таъбири Сайидҳасан Насруллоҳ «ҳеҷ ҳурмате дар кор нест ва Исроил маҳаллаҳоро комилан вайрон мекунад.» бо ин ҳол, кишварҳои арабӣ то кунун иқдоми ҷиддӣ дар ҳимоят аз мардуми Ғаззаи мазлум анҷом надоданд ва сирфан ҷиноятҳои режимро маҳкуми каломӣ карданд. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи  Лубнон бо ишора ба ин сустии кишварҳои арабӣ, хотирнишон кард: «Шумо бояд барои таваққуфи таҷовузот ба Ғазза талош кунед, маҳкумият кофӣ нест ва равобитро қатъ кунед ва сафирони худро фаро бихонед. Содирот ба Исроилро мутаваққиф кунед. Каме қудрат надоред, ки гузаргоҳи Рафаҳро боз кунед?»

 Нуктаи поёнӣ инки, муқовимати Лубнон дар 4 ҳафта гузашта ба муқовимати Фаластин дар ҷанг бо саҳюнистҳо кумак карда ва ин кумакҳо идома низ хоҳад дошт. Даргир кардани неруҳои низомии режими саҳюнистӣ дар ҷабҳаи шимолӣ сабаб шуд бахш зиёде аз тамаркузи ин режим дар бахши шимолӣ бошад ва ин мавзӯъ низ кумаки шоёне ба муқовимати Фаластин кардааст.

 

 

 

Барчасп