Декабр 10, 2023 19:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳи режими саҳюнистӣ аз сӯи Ҳизбуллоҳ

Ҳизбуллоҳи Лубнон пойгоҳи фармондеҳии ҷадиди артиши режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор дод.

Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон мақари фармондеҳии ҷадиди артиши режими саҳюнистӣ дар ҷануби пойгоҳи Яъро дар шимоли Фаластини ишғолиро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор доду талафоти дақиқ ва қатъӣ ба неруҳои душман ворид кард.

Дар ин гузориш омадааст, подгони Яъро дар ду километрӣ аз марзи Лубнон қарор дорад ва барои аввалин бор имрӯз ҳадаф қарор гирифт.

Муқовимати исломии Лубнон эълом кард, паҳподҳо бо диққат ба ҳадаф исобат ва талафоте ба низомиёни ишғолгари саҳюнистӣ ворид карданд.

Бар пояи ин гузориш, муқовимати Ҳизбуллоҳ бо машғӯл кардани артиши ишғолгари саҳюнистӣ, сомонаи дифои ҳавоӣ дар бахши ғарбиро аз кор андохт ва сипас паҳподҳоро ба самти подгони Яъро ба парвоз даровард.

Ҳамзамон тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ атрофи шаҳраки Кафаркилоро ҳадафи ҳамла қарор дод.

 

Барчасп