Декабр 21, 2023 17:15 Asia/Dushanbe
  • Идомаи даргириҳо дар Ғазза

Манбаъҳои хабарӣ аз идомаи даргириҳои заминӣ миёни муборизони фаластинӣ ва ишғолгарон дар меҳварҳои мухталифи навори Ғазза ва маҷрӯҳ шудани чанд низомии саҳюнист хабар доданд.

Image Caption

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, аз субҳи имрӯз панҷшанбе даргириҳо миёни муқовимат ва неруҳои ишғолгар дар шарқи Ҷиболиё ва наздикии мавзеъи мутааллиқ ба гурдонҳои шаҳид Изуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос аз сар гирифта шуд.

 Бар асоси ин гузориш низомиёни ишғолгар ҳамчунон ба муҳосираи як бинои мутааллиқ ба Ҳилоли Аҳмар дар Ҷиболиё идома медиҳанд ва дар ин бино имдодгарон ва маҷрӯҳон ҳузур доранд.

Тибқи ин гузориш артиши режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо набарди заминӣ дар Ҷиболиё, дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

 Артиши режими саҳюнистӣ низ эълом кард, дар набардҳои Хон Юнус дар навори Ғазза, панҷ низомӣ аз ҷумла як афсари лашкари зиреҳӣ ба шиддат маҷрӯҳ шуданд.

 Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин эътироф кард, тайи соъоти аввалияи субҳи имрӯз ду низоми исроилӣ дар даргириҳои ҷануби Ғазза кушта шуданд.

 Дар ҳамин ҳол артиши режими саҳюнистӣ чаҳоршанбешаб эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар ҷараёни даргириҳо дар навори Ғазза, 29 низомии саҳюнист захмӣ шуданд.

 Артиши Исроил дар ҳафтоду панҷумин рӯзи ҷанг хабар дод, ки теъдоди низомиёни исроилии кушташуда аз ибтидои ҷанги Ғазза то кунун ба 466 нафар расидааст.

 

Барчасп