Декабр 23, 2023 17:18 Asia/Dushanbe
  • Набарди шадиди муборизони муқовимат бо ишғолгарон дар шимоли Ғазза

Гурдонҳои Қисом, шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос аз набарди сангини муборизони муқовимат дар минтақаи Ҷаболё дар шимоли Ғазза ва ҳалокату захмӣ шудани шуморе аз низомиёни саҳюнист хабар дод.

Ба гузориши Ал Майсира, гурдонҳои Қисом имрӯз (шанбе) дар баёнияе эълом кард, дар маркази Ғазза низ бо инфиҷори туннеле шуморе аз низомиёни вижаи саҳюнистро ҳадаф қарор додем ва неруҳои кумакии онҳоро низ бо хумпора ҳадаф қарор дода ва талафоти зиёде ба онҳо ворид кардем. Ҳамчунин дар ин минтақа муборизони мо аз фосилаи сифр бо ишғолгарон даргир шуданд.

Дар баёнияи Қисом ҳамчунин омадааст, яке аз муборизони мо аз фосилаи наздики чаҳор низомии саҳюнистро дар минтақаи Ал Қасосиб дар урдӯгоҳи Ҷаболё дар шимоли Ғазза ҳадаф қарор дод.

Қисом афзуд, муборизони мо 5 тонки саҳюнистро ҳадаф қарор доданд.

Сороё Ал Қудс, шохаи низомии Ҷиҳоди исломии Фаластин низ эълом кард, мавозеъи низомиёни саҳюнистро дар шарқи Рафаҳ бо хумпораи сангин ҳадаф қарор дода ва талафоте ба онҳо ворид кардем.

Гурдонҳои Қудс, шохаи низомии Ҷиҳод ҳамчунин аз инҳидоми тонк бо мӯшак дар шимоли Ғазза хабар дод.

 

Барчасп