Январ 15, 2024 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофҳо дар даруни кабинаи режими саҳюнистӣ
    Ихтилофҳо дар даруни кабинаи режими саҳюнистӣ

Дар ҳоле беш аз 100 рӯз аз ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза мегузарад, ки ин ҷанг шикофҳои дохилӣ дар арозии ишғолиро афзоиш додааст.

Пеш аз шурӯи ҷанги Ғазза арозии ишғолӣ шоҳиди шикофи ошкори сиёсиву иҷтимоӣ буд. Ин шикоф дар қолаби баргузории тазоҳуроти мудовим ва чандсад ҳазорнафарӣ алайҳи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазир ва кабинаи вай баргузор мешуд.

Ҳатто қаблтар аз кабинаи Бенёмин Натанёҳу низ шикоф ошкор шуда буд ва аҳзобу раҳбарони онҳо тавони расидан ба иҷмоъ барои ташкили кабина ва хуруҷ аз бунбасти сиёсиро надоштанд. Ба ҳамин далел низ 5 интихоботи порлумонӣ тайи 4 сол баргузор шуд ва бурундоди интихоботи панҷум, ки авохири соли 2022 баргузор шуд низ кабинаи эътилофии Натанёҳу бо мушорикати ифротиҳои нажодпарасте буд, ки боз ҳам шикофро афзоиш дод.

Ҷанги Ғазза, ки беш 100 рӯз аз он мегузарад, ин шикофро вахимтар кардааст. Ин мавзуъ ба ашколи мухталиф намоён шудааст. Миёни Натанёҳу ва бархе аз вузарои кабинаи вай, ба хусус вазири ҷанг ихтилофҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ю оф Галант, вазири ҷанг Натанёҳуро ба ихлол дар кори ин вазоратхона муттаҳам карда ва дар айни ҳол беэътимодӣ низ миёни тарафайн мавҷ мезанад.

Шабакаи 12 телевизиони Исроил эълом кард, ки дафтари Натанёҳу муътақид аст, дафтари Галант асрори ҷаласаи инфиродии ӯ бо Натанёҳуро ба берун дарз медиҳад. Пеш аз ин Галант гуфта буд, Натанёҳу иттилооти маҳрамонаи марбут ба ҷанги Ғаззаро дар ихтиёри вай намегузорад, дар ҳоле ки вай вазири ҷанги режим аст.

Ихтилофҳо дар даруни кабина ба ихтилофи миёни нахуствазиру вазири ҷанг маҳдуд намешавад, балки миёни вузаро низ беэътимодӣ ва таниш вуҷуд дорад.

Итмар Бен Гвир аз ҷумла вузароест, ки ҳамаи қавоиди бозии сиёсиро канор гузоштаву ифротгароиро дар дастури кор қарор додааст. Мавзӯе ки бо эътирози Галант,  вазири ҷанг ва бархе дигар аз аъзои кабина мувоҷеҳ шуда ва ҳатто сабаби бурузи даргириҳои лафзӣ миёни аъзо ва баргузор нашудани ҷаласоти кабина шудааст.

Ҳамзамон бо ин ихтилофҳо, дар даруни кабинаи ҷанг низ шикоф вуҷуд дорад. Бени Гантз, ки мунтақиди Натанёҳу аст ва узви кабина нест, аммо узви кабинаи ҷанги режими саҳюнистӣ аст, тасвире аз худ мунташир карда, ки нишон медиҳад дар тазоҳуроти хонаводаҳои усарои саҳюнист дар Тел-Авив мушорикат кардааст. Муътаризони ширкаткунанда дар ин тазоҳурот, ки теъдоди онҳо ба чандин ҳазор тан мерасид, бо сар додани шиорҳое алайҳи Натанёҳу, хоҳони барканории кабинаи вай ва баргузории интихоботи зудҳангом шуданд. Ба иборати дигар, Гантз аз як сӯ узви кабинаи ҷанги режими саҳюнистӣ аст ва аз сӯи дигар монанди дигар мунтақидони Натанёҳу назири Яир Лапид ҳамчунон талош мекунад Натанёҳу аз қудрат барканор шавад.

Нокомии Натанёҳу дар дастёбӣ ба аҳдофи низомии худ дар ҷанги Ғазза ин шикофҳои сиёсиро афзоиш додааст. Мунтақидон ҳатто дар даруни кабина ва дар даруни ҳизби Ликуд бар ин бовар ҳастанд, ки Натанёҳу бо тӯлонӣ кардани ҷанги Ғазза саъй дорад ҳамчунон дар қудрат боқӣ бимонад, дар ҳоле ки ҳазинаҳои зиёдеро бар Исроил дар тӯли ин ҷанг таҳмил кардааст, аз ҷумла ин ки садҳо нафар аз низомиёни исроилӣ кушта ва беш аз 4 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

 

Барчасп