Январ 30, 2024 11:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои Амрико ба шимоли Яман

Манобеъи хабарӣ бомдоди сешанбе эълом карданд, Саъда дар шимоли Яман ҳадафи ҳамлаи ҷангандаҳои Амрико қарор гирифт.

 Ба гузориши ИРНА,бархе манобеъи ғайрирасмӣ низ гузориш доданд, ки садои инфиҷор дар Санъо-пойтахти Яман ба гӯш расидааст.

 Ҳамлаи ҷангандаҳои Амрико ба шимоли Яман дар ҳоле аст, ки Абдулмалик Алаҷрӣ- узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман душанбешаб ҳушдор дод: Ташдиди таниш ва ҳамла алайҳи мо, ҳаргиз мунҷар ба ҳалли буҳрон баҳри Сурх нахоҳад шуд.

 Алаҷрӣ афзуд: Ташдиди ҷанг алайҳи мо, ҳамчунин монеъ аз он нахоҳад шуд, ки Яман аз кумак ва ёрии Фаластин даст бардорад.

 Вай пештар низ ба ҳамалоти Амрико ва Британия алайҳи Яман ишора ва онро дар ростои тадовуми ҳимоят аз режими саҳюнистӣ донист ва эълом кард: Амрико амнияти баҳри Сурхро ба хатар андохтааст.

 Алаҷрӣ таъкид кард: Танҳои убур киштиҳои исроилӣ ё киштиҳое, ки ҳомили коло ба ин режим ҳастанд, мамнуъ аст, аммо Амрико ба думболи ин аст, ки авзоъро ба ҳама киштиҳо таъмим диҳад.

 Ба гуфтаи ин узви Ансоруллоҳ, ҳамлаи Амрико ба Яман омили бесаботӣ ва таҳдид барои киштиронии байналмиллалӣ аст, зеро бисёре аз ширкатҳо пас аз таҳаррукоти Амрико эълом кардаанд, ки аз дарёи Сурх убур намекунанд.

 

Барчасп