Январ 30, 2024 11:08 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии Қатар ба ҷамъи 8 тими бартари Ҷоми миллатҳо бо убур аз садди Фаластин

Тими миллии футболи Қатар бо убур аз садди Фаластин ба марҳилаи як чаҳоруми поёнии мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 роҳ пайдо кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,дар чаҳорумин дидори марҳилаи якҳаштуми поёнии мусобиқоти футболи Ҷоми миллатҳои Осиё 2023, рӯзи душанбе 29 январ тими Қатар, мизбон ба масофи Фаластин рафт ва дар дидори душвор тавонист бо пирӯзӣ муқобили ҳариф ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ сууд кунад.

 Қатар дар ин дидор ибтидо аз рақиби сахткӯши худ ақиб афтод, аммо бо дурахшиши Акрам Афиф тавонист ду ба як пирӯз шавад ва ба марҳала баъдӣ сууд кунад. Қатар дар ин марҳила ба масофи барандаи Узбакистон ва Таиланд хоҳад рафт.

 

 

Барчасп