Феврал 03, 2024 16:48 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи артиши Сурия: Ҳамлаҳои Амрико дар ростои эҳёи ДИИШ буд

Вазорати дифоъи Сурия дар вокуниш ба ҳамлаҳои ахири Амрико дар манотиқе аз Сурия ва Ироқ таъкид кард: Ин ҳамалот дар манотиқе рух дод, ки артиши Сурия дар ҳоли мубориза бо ДИИШ буд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар пайи ин ҳамалот Вазорати дифоъи Сурия бо судури баёнияе эълом кард: «Минтақаи мавриди ҳадафи ҳамалоти Амрико дар шарқи Сурия ҳамон минтақае аст, ки артиши арабии Сурия бо боқимонлаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ меҷангад, ин масъала бар ин воқеият таъкид мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамсу ва муттаҳиди террористҳо аст ва бо тамоми абзорҳои касиф барои эҳёи он ба унвони бозуи майдонӣ барои худ дар Сурия ва Ироқ талош мекунад».

 Дар идомаи баёнияи Вазорати дифоъи Сурия омадааст: Ҳамлаи неруҳои ишғолгари амрикоӣ дар бомдоди имрӯз шанбе ҳеҷ тавҷеҳе ҷуз талош барои тазъифи тавоноии артиши Сурия ва ҳампаймонон он дар заминаи мубориза бо терроризм надорад.

 Вазорати дифоъи Сурия дар поён таъкид кард: Ишғолгарии Амрико дар бахшҳое аз хоки Сурия наметавонд тадовум дошта бошад ва артиш ва неруҳои мусаллаҳи Сурия бар набарди худ алайҳи терроризм то нобудии комили он ва озодии тамоми хоки Сурия аз ишғолгарӣ ва терроризм идома медиҳад.

 Гуфтанӣ аст ҳанӯз аз теъдоди талафоти ин ҳамла омори ниҳоӣ ва дақиқе дар даст нест, аммо шабакаи хабарии Алҷазира ба нақл аз манобеъи наздик ба Алҳашдушшаъби гузориш дод: Дар ҳамла ба мақар ин неруҳо дар устони Аланбор се нафар ба шаҳодат расида ва 11 нафари дигар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп