Феврал 13, 2024 12:09 Asia/Dushanbe
  •  Шаҳодати панҷ неруи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳизбуллоҳ бомдоди сешанбе эълом кард, ки панҷ размандаи ин ҷунбиш дар роҳи Қудс ва ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза шаҳид шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Ҳизбуллоҳи Лубнон номҳои се тан аз онҳоро шомили Ҳусайн Ҷамил Ҳориси 30 сола, Ҳасан Аҳмад Термеси 35 сола ва Аҳмад Ҳусайн Термеси 32 сола эълом кардааст.

 Ин афрод аҳли шаҳраки Тлуса буданд, ки дар ҳамлаи ишғолгарони саҳюнист ба ҷануби Лубнон дар роҳи Байтулмуқаддас ба шаҳодат расиданд.

 Шаҳодат ин панҷ неруи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳоле аст, ки Иброҳим Аламусуӣ, як узви фраксиюни вафодори ба муқовимат, ки вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон аст, душанбешаб ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод ва гуфт: Агар режими саҳюнистӣ ҳамоқати бузурге кунад ё пойи худро аз ҳадд фаротар бигузорад, бо посухи муносибе рӯбарӯ хоҳад шуд.

  Иброҳим Аламусуӣ дар ҷараёни маросими чиҳилмин рӯзи яке аз шаҳидони Ҳизбуллоҳ дар шаҳраки «Алхизр Албақоъия» сухан мегуфт, афзуд: Душман бояд бидонад дар баробари муқовимат ва миллате қарор дорад, ки қудраташ зиёд аст ва дар баробари таҳдидҳо ақиб наменишинад.

 Вай тасреҳ кард: Пас аз гузашти тақрибан панҷ моҳ аз ҷанги Ғазза муодилоти даргирии ҷанг тағйир карда ва душман ҳар амалиёте дар Лубнон дошта,Ҳизбуллоҳ низ муқобилаи ба мисл кардааст.

 

Барчасп