Март 01, 2024 18:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи муҷаддади ҷангандаҳои мутаҷовизи Амрико ва Англия ба Ҳудайдаи Яман

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Амрико ва Англия муҷаддадан  музофоти Ҳудайда, дар Яманро бомбаборон карданд.

Ба гузориши ИРНА, ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Англия шоми панҷшанбе минтақае дар шимоли устони Ҳудайда, ғарби Ямаро ду бор бомбаборон карданд.

Амрико ва Англия пас аз он ки артиши Яман дар ҳафтаҳои гузашта ва дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар борикаи Ғазза, чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими манотиқи ишғолии Фаластин дар баҳри Сурх ва гулӯгоҳи Боб -ул-Мандабро ҳадафи ҳамла қарор дод, ба Яман ҳамла карданд.

Артиши Яман тааҳҳуд кардааст, ки ҳамла ба киштиҳои ин режим ва ё киштиҳои озими манотиқи ишғолӣ дар баҳри Сурхро то замони таваққуфи наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар навори Ғазза идома медиҳад.

 

Барчасп