Март 11, 2024 10:13 Asia/Dushanbe
  • 5 пойгоҳи режими саҳюнистӣ зери оташи Ҳизбуллоҳи Лубнон
    5 пойгоҳи режими саҳюнистӣ зери оташи Ҳизбуллоҳи Лубнон

Ҳизбуллоҳи Лубнон 5 пойгоҳи режими наслкӯши Исроил дар шимоли сарзаминҳои ишғолиро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор дод

Шабакаи телевизионии “Алмаёдин “ рӯзи якшанбе гузориш дод , Ҳизбуллоҳи Лубнон бо таслеҳоти мушакӣ , пойгоҳҳои низомиёни Исроил дар “ Радар “ , “ Роҳиб “ , “ Алмалоика “ ,“Ҳадбал Бустон  “ ва “ Бирка Ришо “ дар шимоли сарзаминҳои ишғолиро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор дод .

Бар асоси ин гузориш , Ҳизбуллоҳи Лубнон маҳали таҷаммуъи низомиёни режими наслкӯши саҳюнистӣ дар атрофи пойгоҳи Роҳибро бо мӯшаки “ Боркан “ ҳадаф қарор додааст .

 

Муқовимати исломии Лубнон ҳамчунин дар идома аз ҳадаф қарор додан як худрӯи низомии режими наслкӯши саҳюнистӣ аз навъ намар дар пойгоҳи Алмалоика  ва  инҳидоми он хабар дод .