Март 30, 2024 17:24 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои роҳбурдии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ

Расонаҳои исроилӣ аз дастовардҳои роҳбурдии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар шимоли арозии ишғолӣ хабар доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чанд моҳи гузашта дар пайи ҷиноёти ҳавлноки режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза ва наслкушии фаластиниҳо дар ин минтақа, мавозеъи низомии ин режимро дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор додааст, мавзӯе, ки сабаби ҳароси саҳюнистҳои шаҳракнишин дар ин манотиқ шудааст.

Токунӯн даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, расонаҳои исроилӣ навиштанд, ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли сарзаминҳои ишғолӣ, мунҷар ба хурӯҷи шаҳрвандону тахлияи ин манотиқ шудааст.

Ба гуфтаи Олвон бин Дофид, таҳлилгари низомии Канали 13 телевизиони Исроил, Тел Авив ҳеч тарҳу барномае барои таъмини амнияти шаҳрвандонаш надорад ва фақат ба бозии табодули оташ бо Ҳизбуллоҳ идома медиҳад, зимни инки ҳаргиз наметавонад Ҳизбуллоҳро водор ба ақибнишинӣ кунад.

Нир Дефори, дигар таҳлилгари Канали 13 телевизиони Исроил низ гуфт, Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон раҳбарии ҷангро бар ӯҳда дорад ва аз буъди роҳбурдӣ ҷангро мудирият мекунад.

Пештар Маркази пажӯҳишҳои амнияти дохилии Исрол эълом кард, амалиёти хориҷ кардани шаҳракнишинон аз шимоли сарзаминҳои ишғолӣ бузургтарин амалиёт аз замони ташкили режими саҳюнистӣ будааст.

Бар асоси ин гузориш аз ноябри гузашта то кунун ҳудӯди 253 ҳазор Исроилӣ аз шаҳракҳои шимолу ҷануби хориҷ шуданду теъдоди 88 ҳазор нафар дар ҳотелҳо искон дода шуда анд . а

 

Барчасп