Апрел 05, 2024 17:04 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии кумитаҳои муқовимати Фаластин аз кумакҳои Эрон ба мардуми мазлӯми Фаластин

Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе аз кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба миллату муқовимати Фаластин қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, кумитаҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс эълом кард, миллату муқовимати Фаластин ҳаргиз касоне, ки дар канори онҳо истодаанд, бавижа Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳатто як лаҳза аз ёрии миллату муқовимати Фаластин кӯтоҳӣ накардаанд, фаромӯш нахоҳанд кард.

Дар баёнияи кумитаҳои муқовимати Фаластин омадааст, уммати исломӣ бояд ҳамаи тавону имконоти худро дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба майдон оварда ва онро ба рӯзи хашми ҷаҳонӣ ва тӯфони озодагон барои мухолифат бо идомаи қатли ому наслкушии мардуми Ғазза табдил кунанд.

Дар ин баёния омадааст: Рӯзи ҷаҳонии Қудс, рӯзи таҷдиди паймон бо Қудс ва Масҷидулақсо ва Ғаззаи сарбаланд аст, ки бо хуни занон, кӯдакон ва солхурдагону ҷавонони худ, ҳайманаи меҳвари шарорати саҳюнистӣ – амрикоиро ба чолиш кашадаанд.

Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар идома тасреҳ кард, дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба бозуи ҳамаи муборизону муҷоҳидони қаҳрамон дар Ҳизбуллоҳи Лубнон, неруҳои мусаллаҳ ва Ансоруллоҳи Яман ва муқовимати исломии Ироқ, ки дар пуштибонӣ аз Ғазза ва ёрии Қудс ба вазифаи худ дар шуълавар кардани ҳамаи ҷабҳаҳо ва майдонҳо амал карданд, дуруд мефиристем.

 

Барчасп