Апрел 18, 2024 13:28 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои амнияти СММ панҷшанбе дар бораи узвияти комили Фаластин раъйгирӣ мекунад
    Шӯрои амнияти СММ панҷшанбе дар бораи узвияти комили Фаластин раъйгирӣ мекунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бори дигар имрӯз панҷшанбе дар бораи узвияти комили Фаластин дар ин созмон раъйгирӣ мекунад.

Аъзои Шӯрои амнияти СММ панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар нишасти пӯшидаи худ дар бораи узвияти Фаластин дар Созмони Милал ба тавофуқ нарасиданд. Шӯрои амният имрӯз - панҷшанбе бори дигар дар мавриди пешнависи қатънома дар робита бо узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал раъйгирӣ хоҳад кард. Қатъномаи пешниҳодӣ аз сӯи Алҷазоир ироа шудааст.

Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки Венесса Фразе, намояндаи Малта дар Созмони Милал, ки раёсати давраии Шӯрои амниятро ба ӯҳда дорад, ҷумъаи гузаштаи баъд аз итмоми дуюмин ҷаласаи ин кумита барои баррасии узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал гуфт: «Иҷмоъе вуҷуд надошт».

Венесса Фразе бо вуҷуди ин гуфт, ки аксарияти аъзои ин кумита бо узвияти комили Фаластин мувофиқ будаанд. Бисёре аз кишварҳо ин ҳақиқатро матраҳ карданд, ки Фаластин воҷиди тамомии мелокҳои муоҳидаи Монтевидео ва ҳамчунин банди 4 –и маншур аст.

Фаластин акнун нозири доимӣ дар Созмони Милали Муттаҳид аст. Дар сентябри соли 2011 Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дархосте дар бораи пазириши кишвари Фаластин дар Созмони Милал ироа кард. Ин дархост натиҷае надошт, аммо фаластиниҳо ба вазъияти кишвари нозири ғайриузв дар ноябри 2012 даст ёфтанд. Кишварҳои дорои вазъияти нозири доимӣ метавонанд дар аксари ҷаласот ширкат кунанд ва тақрибан ба тамоми асноди марбута дастрасӣ дошта бошанд, аммо ҳаққи раъй надоранд.

Ба ҷуз Фаластин, Ватикан низ дорои вазъияти нозири доимӣ дар СММ аст.

Фаластин дар моҳи апрели соли 2024 номае ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ирсол ва дархост кард, ки пайвастани он ба Созмони Милали Муттаҳид ба унвони як узви доимиро дубора баррасӣ кунад. Кишварҳо бино ба тавсияи Шӯрои амният ва бо тасмими Маҷмаи умумии Созмони Милал дар ин ниҳоди байналмилалӣ пазируфта мешаванд. Қатъномаи пазириши узвияти доими як кишвар дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба 9 раъй аз 15 раъй ниёз дорад. Пас аз тасвиби узвият дар Шӯрои амният, ҳаддиақал ду сеюм аз 193 узви Маҷмаи умумӣ низ бояд ба узвияти кишвари дархосткунанда раъйи мусбат диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир муҳимтарин монеъ дар пеширӯи узвияти доими Фаластин дар Шӯрои амният, мухолифати давлати Амрико аст. Амрико аз як сӯ борҳо муддаӣ шуд, ки аз роҳкори дудавлатӣ барои низои Фаластин - Исроил ҳимоят мекунад, аммо дар айни ҳол мухолифи узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид аст. Линда Томас- Гринфилд, сафири Амрико дар Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе муддаӣ шуд, ки бовар дорад як қатъномаи пешниҳодӣ барои узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал мунҷар ба роҳкори дудавлатӣ нахоҳад шуд. Сафири Амрико дар Созмони Милал идома дод, ин тавр намебинем, ки иҷрои қатънома дар Шӯрои амнияти СММ моро ба ҷое бирасонад, ки битавонем роҳи ҳали дукишвариро ба даст оварем.

Дар ҳамин ҳол, Гринфилд гуфт, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида қотеона гуфтааст, ки Вашингтон аз роҳи ҳалли дукишварӣ ҳимоят мекунад ва дар ҳоли кор аст то ин роҳи ҳал дар зудтарин фурсат иҷро шавад.

Масъалаи муҳим ин аст, ки пуштибонии кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид пас аз ҷанги Ғазза ва наслкушии режими саҳюнистӣ бештар шудааст ва ин масъаларо метавон яке аз паёмадҳои наслкушӣ дар Ғазза унвон кард.

 

Барчасп