Март 13, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Чаро Арабистон аз Туркия дар ҷанг алайҳи Яман кумак мехоҳад?
    Чаро Арабистон аз Туркия дар ҷанг алайҳи Яман кумак мехоҳад?

Дар охирин моҳи шашумин соли ҷанги эътилофи саъудӣ алайҳи Яман, Арабистон аз Туркия дархости кумак кардааст.

  Равобити Туркияу Арабистони саъудӣ дар солҳои ахир шоҳиди ихтилоф  дар мавориди мухталиф буд. Ҳимояти Арабистони саъудӣ аз кудатои низомиёни мисрӣ алайҳи Ихвонулмуслимин, ҳимояти Туркия аз Қатар дар таниши дарунарабии соли 2017 ва ҳамчунин вокуниши Анқара ба фоҷеъаи қатли Ҷамол Хошуқчӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбул, се омили танишзо дар равобити Риёз ва Анқара буд. Ин ихтилофҳо сабаб шуд Арабистон борҳо Туркияро ба мудохила дар умури дохилии кишварҳои арабӣ аз ҷумла дар Сурия муттаҳам кунад ва Ардуғон низ давлати Арабистони саъудиро ба далели вуқуъи фоҷеъаи инсонӣ дар Яман ба боди интиқод гирифт ва гуфт : «Арабистони саъудӣ ба ҷои интиқод аз Туркия худро дар ойина бибинад; чӣ касе Яманро ба ин рӯз андохта ва ҳазорон нафарро дар ин кишвар кушта аст? »

    Таниш миёни Туркияву Арабистони саъудӣ ба ҳадде шиддат пайдо карда буд, ки Холид бин Муҳаммад Алшариф сентябри 2019 ба унвони аввалин сафири Арабистони саъудӣ устуворномаи худро таҳвили раиси ҷумҳӯри Кипри юнонинишин дод ва як ҳафта баъд Иброҳим Аласоф-вазири хориҷаи вақти Арабистон барои аввалин бор дар торихи равобити ду кишвар ба Кипри юнонинишин сафар кард. Аласоф дар як конфронси хабарӣ бо Никоси Анастасиадес-раиси ҷумҳӯри Кипр гуфт кишвараш аз «машрӯъияту ҳокимияти Кипр» ҳимоят мекунад. Ин иқдоми ҷанҷолии вазири хориҷаи Арабистон бо интиқоди мақомоту матбуоти Туркия, ки аз ҷудоии Кипри шимолӣ ( туркнишин) ҳимоят мекунанд, мувоҷеҳ шуд.

   Акнун савол ин аст, ки бо вуҷуди ин сатҳ ва мавориди гуногун аз таъоруз, чӣ иллатҳое сабаби кумак гирифтани Арабистон аз Туркия дар ҷанг алайҳи Яман шуда аст?

   Ба назар мерасад нахустин омил дар ин хусус вазъияти шиканандаи оли Саъуд дар ҷанг алайҳи Яман аст . Оли Саъуд, ки қарор буд дар се ҳафта ҷанг алайҳи Яманро бо пирӯзӣ ба поён бирасонад, дар ҳоле дар остонаи вуруд ба ҳафтумин соли ҷанг қарор дорад, ки таҳти фишори шадиде бобати пирӯзиҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ва ошкор шудани осебпазириҳои Арабистон қарор дорад. Дар тозатарин таҳаввул артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар фосилаи 5 километрии Маъриб қарор гирифта ва озодсозии ин устон беш аз ҳар замоне дар дастрас аст.

  Озодсозии Маъриб шикасти бузурге барои Арабистон маҳсуб мешавад, зеро амалан ҳамаи манотиқи шимолии Яман дар ихтиёри давлати наҷоти миллии Яман қарор хоҳад гирифт. Аз ин рӯ Арабистони саъудӣ аз як сӯ аз террористҳои ДИИШ ва Алқоъида барои ҷанг бо артиш ва кумитаҳои мардумии Яман кумак гирифта ва аз сӯи дигар афроди мусаллаҳро аз манотиқи шарқӣ ва ҷанӯб-шарқии Яман ба Маъриб мунтақил кардааст. Кумак гирифтан аз Туркия низ дар ростои таҳаввулоти Маъриб ва дар имтидоди кумак гирифтан аз ДИИШ ва Алқоъида қарор дорад.

    Мавзӯи дигар ин аст, ки Арабистони саъудӣ шоҳиди тағйири мавзеи давлати Амрико дар қиболи ҷанг алайҳ Яман аст. Иморот низ беш аз ҳама даргири тақвияти ҳавзаи нуфузи худ дар Яман аст ва ҳузури он дар эътилоф, кумаки чандоне ба пешбурди аҳдофи Риёз дар ҷанг алайҳи Яман намекунад . Аз ин рӯ давлати саъудӣ ба Туркия барои мамониат аз шикасти бузург дар ҷанг алайҳи Яман рӯй овардааст .

  Нуктаи сеюм низ ин аст, ки ҳизби ихвонии Алислоҳ дар Маъриб нуфӯзи зиёде дорад. Агарчи Алсалоҳ дар ҷанги Яман ба Арабистон наздик аст, аммо оли Саъуд интизори ҳимояти бештаре аз ин ҳизби ихвонӣ дорад. Бо тавваҷуҳ ба ин ки Туркия муҳимтарин ҳомии ихвониҳо маҳсуб мешавад,Риёз мехоҳад аз нуфузи Туркия дар ростои ҷалби ихвониҳои Яман дар арсаи набард дар Маъриб истифода кунад.

  Нуктаи поёнӣ инки наздикии Арабистону Туркия дар ҷанг алайҳи Яман беш аз ҳама набуди субот ва ошуфтагӣ дар сиёсати хориҷии Анқараву Риёзро нишон медиҳад.

 

   Бештар бихонед :

Барчасп