Июн 22, 2021 16:31 Asia/Dushanbe
  • Мақоми фаластинӣ: муҳосираи Ғазза бояд шикаста шавад

Узви Кумитаи марказии ҷумбиши “Ал Ҷабҳа ал Шаъбия” таъкид кард, муқовимати Фаластин метавонад режими саҳюнистиро таҳти фишор қарор диҳад ва муҳосира низ шикаста шавад.

Моҳир Мазҳар, узви кумитаи марказии ин ҷумбиш имрӯз сешанбе гуфт, гурӯҳҳои фаластинӣ барои баррасии масоили матраҳ шуда дар дидор бо ҳайати Созмони милал, нишаст баргузор хоҳанд кард.

Вай таъкид кард, мо дар Ғазза чизе надорем, ки аз даст бидиҳем ва то охирин рамақ хоҳем ҷангид ва аз миллати худ дифо мекунем то битавонад муҳосираро бишиканад.

Ин масъули фаластинӣ таъкид кард, ҳамонтавр, ки муқовимат тавонист режими саҳюнистиро зери оташ бигирад, метавонад ба Исроил фишор ворид кунад.

Ин масъули фаластинӣ дар идома афзуд, режими саҳюнистӣ тайи ҳафт соли гузашта муваффақ нашуда низомиёни асири худро озод кунад, балкӣ аз тариқи куштори занону кӯдакон, пирӯзии дурӯғин барои худ ба вуҷӯд овадааст.

Хабаргузорӣ «Анатоли» ба нақл аз бархе манобеи фаластинӣ гузориш кард, тарафҳои байналмилалӣ ва арабӣ аз сарони муқовимати Фаластин хостаанд то ба талошҳои дипломотӣ барои лағви муҳосираи Ғазза фурсате бидиҳанд ва муқовимат бо ин мавзӯ мувофиқат кардааст.

Аз замони таваққуфи ҷанги 12 рӯзаи Ғазза, режими саҳюнистӣ ҳамвора аз амал ба бархе тааҳҳудоти худ аз ҷумла вурӯди масолеҳи сохтумонӣ ва кумакҳои молии Қатар ба Ғазза тафра меравад ва ҳатто ба ҳамалот ва иқдомоти мутаҷовизонаи худ алайҳи Қудси ишғолӣ ва Ғазза идома медиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп