Май 21, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми паҳподи ҷосусии мутаҷовизи саъудӣ дар устони Ҳаҷҷаи Яман
    Инҳидоми паҳподи ҷосусии мутаҷовизи саъудӣ дар устони Ҳаҷҷаи Яман

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман хабар дод: Артиши ин кишвар дар амалиёти паҳподи ҷосусии мутаҷовизонро аз байн бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмасира, Яҳё Сариъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт, артиши ин кишвар як паҳподи ҷосусии мутаалиқ ба эътилофи таҳти саркардагии Арабистонро аз байн бурд.

Сариъ афзуд: Ин паҳпод дар ҳоли нақзи оташбас ва анҷоми маъмурияти хасмона дар осмони минтақаи Ҳайрон воқеъ дар устони Ҳаҷҷа буд, ки тавассути як мушак аз байн бурда шуд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба ҳаргуна таҷовуз посуъи қотеъ хоҳанд дод.

Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман зимни дифоъ аз миллати худ тавонистанд заработи сандгини ба эътилофи мутаҷовиз ва вобастагони онҳо ворид кунанд ва ҳадафҳои мутаҷовизони саъудӣ ва аморатиро дар даруни хоки ин ду кишвар ҳадафи ҳамалоти худ қарор диҳанд ва бо вуҷуди муҳосираи комил, тавони таслиҳоти ба вижа мушакӣ ва паҳподии худро бо такия бар тавони дохилӣ густариш диҳанд.

 

Барчасп