Декабр 18, 2022 10:52 Asia/Dushanbe
  • Салиби Сурх: Беш аз 70 дарсад аз яманиҳо ниёзманди кумакҳои башардустона ҳастанд
    Салиби Сурх: Беш аз 70 дарсад аз яманиҳо ниёзманди кумакҳои башардустона ҳастанд

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх таъкид кард, ки беш аз 70 дарсад аз мардуми яман дар натиҷаи ҷанги эътилофи саъудӣ зидди ин кишвар башиддат низманди кумакҳои башардустона ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх шанбе бо баёни матолиби мазкур эълом кард танҳо 51 дарсад аз марказҳои беҳдоштӣ дар Яман фаъол ҳастанд ва беш аз 4 миллиону 700 ҳазор зан ва кудак дучори камбуди тағзия ҳастанд.

Бар асоси гузориши Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх беш аз 3 миллиону 300 ҳазор нафар дар Яман низ аз манзилҳои худ овора шуданд.

Пештар комисёри олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид гузориш дода буд, ки 73 дарсад аз мардуми Яман ҳудуди 23.4 миллион нафар ба сабаби ҷанги эътилофии саъудӣ зидди ин кишвар ниёзманди кумакҳои башардустона буд ва 4.3 миллион нафар овора шуданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморат ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 бо ташкили ба истилоҳ эътилофи арабӣ таҷовузи худ ба кишвари Яманро оғоз кард, аммо пас аз гузашти беш аз 7 сол аз ин таҷовузи ваҳшиёна дигар ҳампаёмонони саъуди аз ин эътилоф хориҷ шуданд.

Бар асоси гузоришҳо ҷанги эътилофи саъудӣ зидди Яман то кунун ҷони 377 ҳазор нафарро гирифта аст ва 126 миллиард доллар ба зерсохтҳои ин кишвари фақир хисорат ворид карда аст.

 

Барчасп