Март 14, 2023 12:19 Asia/Dushanbe
  •  Фиристодаи Гутерриш : Эрон аз талошҳои Созмони Миллал барои сулҳ дар Яман ҳимоят кунад

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Яман ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз талошҳои Созмони Миллал дар заминаи сулҳ дар Яманро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳанс Грондберг-намояндаи вижаи дабири кули Созмони Миллал дар умӯри Яман, ки ба Теҳрон сафар кардааст рӯзи душанбе дар дидор бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиёназири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки Созмони Миллали Муттаҳид дар тамаркуз бар роҳи ҳали сиёсӣ барои ҳалли буҳрони Яман ҷиддият дорад .
Вазири умури хориҷаи Эрон низ бо ташреҳи дидгоҳи Ҷумҳурии исломӣ дар заминаи ҳаллу фасли сиёсии буҳрони Яман аз идомаи оташбас, лағви муҳосираи инсонӣ ва ҳаллу фасли сиёсии буҳрони устувор бар тавваҷуҳ ба мавзӯъоти инсонӣ ва дар чорчӯби гуфтугӯҳои яманӣ - яманӣ таъкид кард.
Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон ҳамчунин ، пуштибонии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар гуна гуфтугӯ, ки ба таъмини сулҳу субот дар Яман кумак кунад ва ҳамчунин талошҳои дабири кулли СММ ва эъзоми намояндаи вижа барои пайгирии мавзӯро эълом кард .
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст . Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп