Як пажӯҳиш: “Фирқагаро, ҷангталаб ва фиребкор”; 3 дурӯғи бузурги расонаҳои амрикоӣ алайҳи муҳибони аҳли байт
(last modified Sun, 01 Sep 2024 04:41:42 GMT )
Сентябр 01, 2024 09:41 Asia/Dushanbe
  • Як пажӯҳиш: “Фирқагаро, ҷангталаб ва фиребкор”; 3 дурӯғи бузурги расонаҳои амрикоӣ алайҳи муҳибони аҳли байт

Порс тудей - Натоиҷи як баррасӣ нишон медиҳад, расонаҳои амрикоӣ, бо масъалаи шиа ва пайравони аҳли байт ба шиддат идеалогӣ бархӯрд мекунанд.

Нависандагони китоби «Қалби воқеият, бознамои шиа дар расонаҳои Амрико» бо баррасии даҳ соли ахбори марбут ба шиа, мазҳаби пайравони аҳли байт, дар солҳои 2010 то 2020 дар расонаҳои амрикоӣ, нишон медиҳанд, ки ҳеҷ нишоне аз бетарафӣ ва озодӣ дар расонаҳои амрикоӣ нисбат ба пайравони ин мазҳаб дида намешавад.

Ба гузориши Порс туде, бар асоси натоиҷи баррасии Муҳаммадсоҳиб Баёнӣ ва Саиди Саидҳошимӣ Насаб, нависандагони ин китоб, расонаҳои амрикоӣ бо муаррифӣ кардани «вилояти фақиҳ» ба унвони меҳвари марказии ташайюъ, талош мекунанд ин ҷойгоҳи исломиро бо калимоте ҳамчун диктатор, ҷангталаб ва ҷинояткор бознамоӣ кунанд.

Тибқи иттилооти ин китоб, расонаҳои амрикоӣ ҳамчунин меҳвари «ҷиҳоду муқовимат» дар ҷаҳони исломро бо мафоҳиме ҳамчун терроризм, рақобат миёни шиа ва аҳли суннат, интиқомҷӯӣ алайҳи сунниҳо, бесуботии Ғарби Осиё ва фирқагаро бознамоӣ кардаанд.

Расонаҳои амрикоӣ, арбаин ва маносики Ошӯроро низ ба унвони «баҳонае барои қудратёбӣ ва қудратнамоии шиёну пайравони аҳли байт» муаррифӣ карда, ки тавассути шиаи инқилобӣ ба гаравгон гирифта шудааст.

Бар ин асос, расонаҳои амрикоӣ, истиқлолу нафии султаи бегонагон, ки яке аз усӯли Инқилоби исломӣ астро ҳам ба унвони « амрикоситезӣ ва яҳудиситезӣ» бознамоӣ мекунанд.

Дар китоби «қалби воқеият, бознамоии шиа дар расонаҳои Амрико» ҳамчунин бо ишора ба хати расонаии Ғарб дар ҷиҳати тафриқаафканӣ ва эҷоди гусаст дар ҷомеаи исломӣ омадааст, ки расонаҳои ғарбӣ роҳбурди ваҳдат, тақриба исломӣ ва иддеаи уммати воҳидаро бо ановине ҳамчун «императории шиъӣ - эронӣ, ҳилоли шиъӣ, султаи Эрон ва хилофати шиъа» тафсир ва муаррифӣ мекунанд.

Бар асоси иттилооти ин китоб, истикбори ҷаҳонӣ бо ду равиши нарму сахт ба дунболи ҳошияронии исломи сиёсӣ, махсусан шиаи инқилобӣ дар ҷаҳони ислом аст.

Бар ҳамин асос; ҳошияронии нарм бо истифода аз расонаҳо ва ҳошияронии сахт бо таҳриму ҳамлаи низомӣ сӯрат мегирад.

 

Барчасп