Як пажӯҳишгари исломӣ: Мунтазирони мунҷии мавъуд бояд дар ҳамаи абъоди зиндагӣ аҳли қиём бошанд
(last modified 2024-09-01T07:28:09+00:00 )
Сентябр 01, 2024 12:28 Asia/Dushanbe
  • Як пажӯҳишгари исломӣ: Мунтазирони мунҷии мавъуд бояд дар ҳамаи абъоди зиндагӣ аҳли қиём бошанд

Порс тудей - Як пажӯҳишгари ҳавзаи маҳдавият гуфт: Касе метавонад ба имоми замон (а) мулҳақ шавад, ки мисли он ҳазрат, қоим бошад ва қиём дар зиндагии ӯ таҷаллӣ дошта бошад.

Барпояи мутуни торихӣ, аз рӯзгори куҳан, эътиқод ба зуҳӯри муслеҳу мунҷӣ, аслии асосӣ барои башар будааст. Дар сартосари башоратҳо ва ишоратҳои мутуни динӣ низ, ҳамвора суханоне дар бораи маъуди охирину мунҷии охируззамон вуҷӯд дорад. Як асли муҳим дар ин замина, талошу саъйи мунтазирон аст. Ба гузориши Порс тудей , ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Шуҷоъӣ, пажӯҳишгари ҳавзаи маҳдавияту мудири муассисаи мунтазирони мунҷӣ дар ин замина ва бо ишора ба ояи 46 сураи “Сабо”-и Қуръони Карим изҳор кард: Қуръон, шарти асосиро қиём медонад ва мегуяд барои Худои ду нафара ва ҳатто як нафара қиём кунед.

Вай бо баёни ин ки қиёми як инсони мунтазир бояд дар ҳамаи абъоди шахсиятӣ зуҳӯр кунад, афзуд: Инсони қоим, аввал, аҳли қиём аст ва баъди риштаи таҳсилӣ ё ҳамсари худро интихоб мекунад. Аҳли қиём ҳатто маҳали зиндагии худро бар асоси сохтори қиёмии худ тарроҳӣ мекунад то ҳамаи интихобҳояш бар асоси қиём дар роҳи ҳақ ва дар масири наҷоти ҷомеъа ва башарият бошад.

 

Барчасп